Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҚАРОР Правительство Республики Таджикистан аз 30 апрели соли 2021 № 171 ш. Душанбе Дар бораи Барномаи давлатии рушди Академияи илмҳои Мутобики моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дурнамоҳои давлатй, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Хукумати Ҷумҳурни Тбҷга^йстон қарор мекунад: 1. Барномаи давлатии рушди Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии Барномаи давлатии рушди Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2). 2. Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ҷиҳати амалисозии барномаи мазкур бо мақсади баланд бардоштани сифату самаранокии таҳқиқоти илмӣ, тарғибу татбиқи дастовардҳо, тайёр кардани кадрҳои илмӣ ва тақвияти ҳамкориҳо бо муассисаҳои илмию таълимии ватанию хориҷӣ чораҳои зарурӣ андешад. 3. Вазорату идораҳои дахлдор оид ба рафти амалисозии барномпи мазкур ҳамасола то 10 январ ба Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд. 4. Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон оид ба рафти амалн созии барномаи мазкур ҳамасола то 1 феврал ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд. |
Раиси
Хукумати Ҷумҳурии |
Эмомали Раҳмои |