| Собирова У.С. Нақш ва мавқеи омонимҳо дар забонҳои гуногунсохт (дар асоси фархангҳои тафсирй ва луғатҳои дузабонаи англисй-тоҷикй, тоҷикй-англисй). – Душанбе: Типографияи ДМТ. – 2025. – 176 с.
Мухаррири масъул: доктори илмхои филологи, профессор Мамадназаров Абдусалом Мукарризон: Мамадназаров А. – доктори илмхои филологи, профессор Мусоямов З.М. – доктори илмхои филологи, дотсент Монография ба баррасии хамаҷонибаи нақш ва мавқеи омонимхо дар забонҳои гуногунсохт – англисй ва точикй – бахшида шудааст. Дар он таҳлили муқоисавии ин падидаи мураккаби лексикй дар асоси маводи фархангхои тафсирии хар ду забон ва луғатҳои дузабонаи англисй-точикй ва точикй- англисй анҷом дода шудааст. Мундариҷаи монография на танҳо ба масъалаҳои назариявии омонимия ва таснифоти он тамаркуз мекунад, балки хусусиятҳои зоҳиршавии омонимҳоро дар ин ду забони дорой сохторҳои гуногун ва тарзҳои мухталифи инъикоси онҳоро дар луғатнигорй ба таври муфассал баррасй менамояд. Бо дарназардошти мундариҷаи бойи назариявй ва таҳлилии худ, ин монография метавонад дар раванди таълим дар мактабхои олй, бахусус дар равияҳои филологи (забоншиносй, забонхои хоричй, тарҷума), хамчун дастури таълимии муфид хидмат намояд. Бо карори Шурой илмию методии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз 12.06 .2025 протокол и №10 ба чоп тавсия шудааст |