Мураттиб ва муҳаррири масъул Лашкар ШАРИФЗОДА Душанбе – нусхае аз бихишт. – Душанбе: “ЭР-граф”, 2025. – 304 саҳ. Китоби “Душанбе – нусхае аз биҳишт” маҷмуаи мураттаб аз мақолаҳои чеҳраҳои саршиноси сиёсат, илму адаб, иқтисод, фарҳанг ва ҷомеаи рӯзноманигорӣ мебошад, ки ба дастовардҳои пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри дилорои Душанбе дар даврони Истиқлоли давлатӣ бахшида шудаанд. Маводи китоб бозгӯкунандаи рушди бесобиқаи пойтахт ва беҳбуди рӯзгори сокинони он мебошад, ки зери сарварии Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо фаъолияти пурбори роҳбари gешоҳанг, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ имконпазир шудааст. Дар китоб факту далелҳои муътамад гирд оварда шудаанд, ки равандҳои созандагиву ободкорӣ ва иешрафти соҳаҳои мухталифи шаҳри Душанберо дар солҳои охир фаро мегиранд. Ин асар барои хонанда имкони дарёфти маълумоти дақиқу зарурӣ оид ба дастовардҳои муҳими шаҳрро фароҳам оварда, барои доираи васеи хонандагон, аз ҷумла муҳаққиқон, рӯзноманигорон ва дӯстдорони таъриху фарҳанги миллӣ, манбаи муҳими иттилоотӣ ба шумор меравад. |