Наҷиб Азизӣ. Равзанаи умед, андешаҳо дар ҳошияи каломи Гиппократ: “Санъати тиб аз се унсур иборат аст: беморӣ, бемор ва табиб.-Душанбе: нашриёти ҶДММ “Меҳроҷ Граф”, соли 2025.-200 саҳ.

Наҷиб Азизӣ. Равзанаи умед, андешаҳо дар ҳошияи каломи Гиппократ: “Санъати тиб аз се унсур иборат аст: беморӣ, бемор ва табиб.-Душанбе: нашриёти ҶДММ “Меҳроҷ Граф”, соли 2025.-200 саҳ.

Муҳаррир:

Назаров Эмом, Аълочии матбуоти Тоҷикистон

Беморӣ барои ҳар як инсон, мушкилтарин ҳаводиси рӯзгор аст, вале он қисме аз сарнавишт аст. Сарнавишт бошад, дар дасти инсон нест, онро ҳамчун туҳфаи Офаридгор бо ҳама бешу камаш пазируфтан ва таҳаммул намудан лозим меояд. Чун аз қисмат ҷойи гурез нест, ба истиқболи он чун ба истиқболи субҳи нав қадам бояд монд. Роҳи зиндагӣ ҳаргиз тахту ҳамвор набуд, нест ва намешавад. Дар ин масир мушкилоти зиёде инсонҳоро дунболагир мешавад, вале дар талоши ҳаёт ҷонбозиҳо бояд кард. Дар китоб дар атрофи бемории ирсии гемофилия сухан меравад, ки муаллиф худ гирифтори ҳамин беморист. Хонандаи нуқтасанҷ бо қироати ин китоб ҷаҳду талошҳои нафареро, ки дар музтаҳидсозии беморони ирсӣ талош дорад, ба зудӣ дарк хоҳад кард. Китоб баҳри истифодаи оммаи васеъи хонандагон пешбинй шудааст.

Дар муқова: лаҳзаи таннафус бо акси иштирокчиёни Симпозиуми байналмилалии ФУГ дар Испания. Мадрид, апрели соли 2024.