Тавсиянома бо қарори Шӯрои олимони Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании АМИТ, таҳти суратҷаласаи №8 аз 28.12.2023 ва қарори Бюрои Шуъбаи илмҳои биологияи АМИТ (08.01.2024) ба чоп тавсия шудааст.
МУҚАРРИЗОН: Мудири озмоишгоҳи фармакологияи Институти химияи ба номи В.И.Никитини АМИТ, доктори илми тиб, профессор, узви вобастаи АМИТ Раҳимов И.Ф. Сарходими илмии озмоишгоҳи бехатарии биологии Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании АМИТ, доктори илмҳои биология, профессор Нигмонов М. Асоси таҳияи тавсияномаи илмии мазкур маълумотҳои илмии аз тарафи кормандони Институти ботаника, физиология ва гснетикаи растании АМИТ оид ба хусусиятҳои таркиби биокимёвии маводҳои растанигӣ (сабзавот) пешниҳод шуда, истифодаи онҳо дар иҷрои корҳои илмӣ – таҳқиқотӣ, инчунин маълумотҳои илмии аз тарафи Пажӯҳишгоҳи давлатии илмӣ – тадқиқотии “ Ғизо”-и Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ мавриди истифода қарор дода шуд, ба шумор меравад. Тавсияномаи мазкур махсусан барои баланд бардоштани малакаи дониши гурӯҳҳои алоҳидаи аҳолӣ омода шудааст. |