Зикирзода Ҳ. Консепсияи озодӣ ва фармонбардорӣ (итоат) дар фалсафаи машшоияи шарқӣ. – Душанбе: “ЭР-граф”, 2023. – 380с.

Монография бо қарори Шӯрои илмӣ-методии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ №5\5 (б) аз 03.05.2022 ба чоп тавсия шудааст.
Китоб бо дастгирии молиявии Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба табъ расидааст.

Муҳаррири масъул:

Шамолов А.А. – доктори илмҳои фалсафа, профессор

Муқарризон:

Назариев Р.З. – доктори илмҳои фалсафа, профессор

Султонзода С.А. – доктори илмҳои фалсафа, дотсент Амирхон Ш. Т. – номзади илмҳои фалсафа, дотсент

Зикирзода Ҳ. Консепсияи озодӣ ва фармонбардорӣ (итоат) дар фалсафаи машшоияи шарқӣ. – Душанбе: “ЭР-граф”, 2023. – 380с.

Дар монографияи мазкур масъалаҳои муҳимтарини вобаста ба консепсияи озодӣ ва фармонбардорӣ (итоат) дар таълимоти мутафаккирони барҷасгаи яке аз мактабҳои ақлгарои фалсафаи исломӣ – машшоияи шарқӣ мавриди баррасй ва таҳқиқ қарор гирифтааст. Дар он омилҳои иҷтимоию фарҳангӣ ва сарчашмаҳои ғоявии пайдоиш ва ташаккулёбии мафҳумҳои озодӣ ва фармонбардорӣ (итоат), ҷанбахои онтологӣ, таъриф, мабодӣ (принсипҳо), усулҳои фалсафии таҳқиқоти мавзуъ, ҷабр ва ихтиёр ҳамчун мафҳумҳои муайянкунандаи моҳияти фармонбар- дорй ва озодии инсон, масъалаи қазо ва қадар, озодии ирода, озодй ва масъулияти ахлоқии шахс, адолат асоси назарияи озодй ва фармонбардори (итоат)-и шахс ва аҳамияти он дар муносибат бо ҳокимияти сиёсй-иҷтимой, дар доираи мсъёрҳои ҳуқуқӣ ва қонунҳои исломӣ ва ғайра тахдил гардида, аҳамияти онҳо барои ҷомеаи муосир пешкаш мегардад.

Таҳқиқоти мазкур барои муҳаққиқон, донишҷӯён, магистрон ва муштоқони фалсафа тавсия мешавад.