Академик Бобоҷон Ғафуров-бузургтарин муҳаққиқ ва муаррифгари таърихи халқи тоҷик. Мураттиб-муҳаррирон: Аскарали Раҷабов, Баҳриниссо Қобилова.Зсри назари: Фарҳод Раҳимӣ. Муҳаррири масъул: Насрулло Убайдулио. «Дониш» – Душанбе, 2023, 490 саҳ.
Дар маҷмуаи дастаҷамъии илмии академй мансуб ба қалами пажӯҳишгарони ватанию хориҷӣ буда, масоили мубрами таърих ва фарҳанги тоҷикро дар иртибот ба корномаи беназири илмию давлатӣ, ҷамъиятӣ, байналмилалии Қаҳрамони Тоҷякистон, асосгузор ва Раиси Комиссияи омӯзиши тамаддуни Осиёи Марказии назди ЮНЕСКО (1968-1977), роҳбари сиёсию давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон(1946-1956), Раиси шурои илмии “Муборизаи миллӣ- озодихоҳии мардумони Африқо ва Осиё барзидди мустамликадорӣ( 1961-1977),Раиси кумитаи якдилии мардумони Осиё ва Африқо”( 1961-1977),академики Академия илмҳоии СССР (1968), Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (1951), Ходими хизматнишондодаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (1967), доктори фахрии Донишгоҳи Алигарх( Ҳиндустон (1970), Донишгоҳи Теҳрон (1973?> Директори Институти шарқшиносии Академияи илмҳои СССР(1956-1977), поягузори илми шарқшиносии Тоҷикистон, Лауреати мукофоти байналмилалии ба номи Ҷавоҳирлол Неҳру, муаррих, шарқшинос, академик Бобоҷон Ғафуров (1908-1977) мавриди таҳқик шудааст. Дар таҳқиқоти мазкур паҳлуҳои рангомези осор, фаъолияти пурбори илмӣ, ҷамъиятии Бобоҷон Ғафуров бо истифодаи гузориши нави сарчашмаҳо ба қалам омада ва чун армуғон ба ифтихори гиромидошти 115 -умин солрӯзи донишманди камназир бахшида шудааст. Ҳайати таҳрир: Фарҳод Раҳимӣ, Абдураҳмон Муҳаммад, Насрулло Убайдулло, Аскаралӣ Раҷабов, Баҳриниссо Қобилова, Абдулло Ғафуров, Саъдулло Раҳимов, Муродалӣ Ӣброҳимов. |