Дар китоби тозанашри академики Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Кароматулло Олимов доир ба зиндагӣ, осор ва афкори донишманди бузурги асрҳои миёнаи хоразмиасл Абурайҳони Берунӣ, ки аз қавмҳои эронинажод буда, дар илми ҷаҳонӣ саҳми арзишманд гузоштааст, дар заминаи асарҳои ӯ ва иддае аз муҳаққиқони осори ӯ таҳқиқ сурат гирифтааст. Хидмати Берунӣ дар пешрафти илмҳои нуҷум, ҷуғрофиё, мардумшиносӣ, таърих, забоншиносӣ. диншиносӣ, тақвим ва ғайра хеле бузург будааст. Берунӣ ҳамчунин “Китобу-т-тафҳим”-и худро дар баробари забони арабӣ ба забони тоҷикӣ (форсӣ) низ таълиф намудааст, ки дар рушди истилоҳоти илмӣ ба ин забон хидмати арзандаи ӯст. Китоби мазкур барои олимони соҳаҳои гуногун. аспирантон, донишҷӯён ва доираи васеъи хонандагон пешбинӣ шуда, ба муносибати аз тарафи ЮНЕСКО пешниҳод шудани ҷашни 1050 солагии таваллудаш нашр мешавад. |