Пирмаҳмад Нуров. Вожагони нави тоҷикибунёд. Душанбе «Ганҷи хирад», 2023,184 саҳ.

Таҳиягар ва мураттиб:
Пирмаҳмад Нуров

 

Пирмаҳмад Нуров. Вожагони нави тоҷикибунёд. Душанбе «Ганҷи хирад», 2023,184 саҳ.

Дар Вожанома беш аз 4000 куҳанвожаҳои камкорбурд ва вожаи нави тоҷикибунёд ва маъниҳои луғавии онҳо зимни мушоҳидаҳои шахсии муаллиф нисбат ба ҳодисаву рӯйдод ва падидаҳои табиат, шунидаҳо, хондаҳо, ҳамчунин зимни сохтани ҳамгунаҳои тоҷикии вожагони илмию техникии русӣ (англисӣ) гирдоварй ва мавриди баррасии умум қарор дода шудаанд. Вожаҳои нав дар заминаи вожаҳои бунёдан (сирфан)-и тоҷикӣ сохта шудаанд ва метавонанд ба таркиби луғавии забони тоҷикӣ ворид шуда, ҳиссаи вожагони тоҷикибунёдро дар захираи умумии луғавии забони тоҷикй афзун гардонанд. Ҳангоми сох- тани вожаҳои нав, бархе вожаҳои дар шеваҳои тоҷикй маъмул низ, ба гуфти устод Садриддин Айнй – «бо сӯҳони қоида сӯфта ва бо чилбури маънӣ сайқал дода» корбаст шудаанд.