Китоб бо қарори Шӯрои илмии Маркази мероси хаттии назди Раёсаги Академияи миллии илмҳоиТоҷикистон №-3 аз 30. 03.2021 нашр мегардад.
Хоҷамуродов О. Нигоҳе ба ҷунбиши ислоҳи хат дар Эрон . (аз охирҳои асри XIX то солҳои 70-уми асри XX) / Олимҷон Хоҷамуродов.- Душанбе: “Мулквар”, 2023. – 108 с. Маҳаррирон: Ҳасани Султон, доктори илми филология, узви вобастаи АМИТ Раҳматкарим Давлатов, номзади илмҳои таърих Муқарризон: д.и.ф., профессор Қосимов О.Ҳ., н.и.ф., Алии Муҳаммадии Хуросонӣ Веростор: н.и.т. Карамалишоев К.Н. Дар солҳои ахир дар васоити ахбори оммап кишвар ва расонаҳои хабарии хориҷӣ назарҳои сатҳӣ, муғризона ва то ҳадде низоъбарангез перомуни тағйири алифбо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз хатти арабиасос гузаштан ба алифбои лотинӣ, сипас ба кириллӣ) ҳамчун пштибоҳи бузург талаққӣ мегардад. Барои посухи илмиву қотеъ ба ин қабил андешаҳо бояд таърихи ҷунбишҳои ислоҳталабӣ дар соҳаи хат ва маориф, ки дар кишварҳои исломии Шарқи Мпёнаву Наздик, пеш аз ҳама дар Эрон аз нимаи дуюми асри XIX то нимаи аввали XX ба вуқӯъ пайвстааст, мавриди баррасӣ қарор гирад. Дар ин рисолаи мухтасар, муаллифи он, эроншиноси тоҷик Хоҷамуродов О. саъй кардааст, бар мабнои матолиби дар китобхонаҳои ҷумҳурй ва шахсӣ мавҷудбуда, ҳаракатҳои ислоҳталабии рӯшанфикрони Эронро дар мавриди ислоҳ ё тағйири хатти форсӣ аз нимаи дуюми асри XIX то солҳои 70-уми асри XX ба муоина гирад. Рисола барои коршиносон, устодон, донишҷӯёни макотиби олӣ ва доираи васеи хонандагон пешбинӣ шудааст. |