Кироми Бухорӣ шоири хушқареҳа ва вуқӯъгӯи замонаш буда, воқеиятҳои дардангези иҷтимоии рӯзгорашро бидуни истиҳола ва ҳақиқатнигорона дар ғазалиёташ таҷассум намудааст. Аммо аз ғазалиёти ин шоири соҳибдевон то имрӯз ба истиснои 30 ғазале, ки дар маҷмӯаи «Гулшани адаб» мунташир шудааст, чизе баргардон нашудааст.
Бино бар ин сабаб тасмим гирифтем ин нусхаи девони шоирро, ки таҳти шумораи 795 дар Ганҷинаи дастхатҳои Маркази мероси хаттии АМИТ маҳфуз аст ва ҳамагй аз 106 варақ ва 138 ғазал иборат асту хатти он нисбат ба дигар нусхаҳои девон хоност, баргардон ва ба чоп пешниҳод намоем. |