Бо тавсияи Шурой илмии Института таърих, бостоншиносй ва мардумшиносии ба номи Ахмади Дониши Академияи миллии илмхои Точикистон нашр мегардад Мукарризон: Пирумшоев X,- П. – узви вобастаи АМИТ, доктори илмхои • таърих, профессор. Искандаров К-И. – доктори илмхои таърих, профессор. Абдукаххор Саидзода. Мовароуннахр дар асри XVII ва нимаи аввали асри XVIII (таърихи сиёсй, ичтимой-иктисодй ва фархангй). Душанбе: Дониш, 2020. 491 с. Мовароуннахр дар асри XVII ва нимаи аввали асри XVIII яке аз давраи мушкилро аз сар мегузаронид. Шахру дехот бар асари тохтутози кдбилахои мухталифи турку мугул хароб гашта, охирхои аср мухолифатхои пайвастаи дохилй ба бесуботй ва бенизомии хаёти дохилии сиёсй ва таназзули низоми иктисодй оварда расонд. Ин вазъиятро омилхои дигаре, чун зиддият бо давлатхои хамсоя, ки аз тачовузи онхо мебоист чилавгирй шавад, инчунин гайриимкон будани рушди иктисод ва инкишофи тичорати хоричй бо давлатхои дуру наздик муш- килтар месохтанд. Сарфи назар аз вазъи мураккаби сиёсй ва ичтимоию иктисодии дар Мовароуннахр вучуддошта, дар ха- ётй маданию фархангй пешравихое ба чашм мерасанд, ки онхо дар ин китоб зикр гардидаанд. Масоили авзои сиёсй, ичтимоию иктисодй ва фархангии Мовароуннахр дар асри XVII ва нимаи аввали асри XVIII бар мабнои ахбори сарчашмахои хаттй, сиккашиносй, маълумоти сайёхони аврупой, асархои мухаккикони ватанию хоричй ва асноди дигари муътабари таърихй баррасй гардидааст. Китоб барои муаррихон, донишчуёни факултахои таърихи донишгоххо ва ашхоси ба таърихи асримиёнагии халди точик таваччухдошта пешбинй шудааст. |