Саъдулло Асадуллоев. Куллиёт (Дар панҷ муҷаллад). Ҷилди 1. Таҳия ва тасҳеҳи Иззатбек Шехимов, Фирӯза Қодирова, Овлоқул Хокироев ва Илҳом Туробов. – Хуҷанд: Хуросон, 2021. – 404 саҳ. |
Зери назари:
Умеда Ғаффорова – доктори илмҳои филологӣ, профессор
Мухаррирон: Баҳроӣ Раҳматов ва Абдушукур Ғафуров |
Саъдулло Асадуллоев аз зумраи он нафаронест, ки дар таҳқиқи гӯ- шаҳои гуногуни адабиётшиносй дар ҳавзаи вилояти Суғд ва мактаби ада- биётшиносии он ва ташаккули илми мазкур дар Тоҷикистони азиз нақши муҳим дорад. Бар замми ин, ӯ яке аз камолшиносони нухбаи ватани мост, ки бо таъсиси «Академияи Камол» ин равандро ба зинаи нав бароварда- аст. Аз ин рӯ, МД «Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ» барои қадршиносӣ аз кору пайкори ин камолшиноси барҷаста тасмим гирифт, то куллиёти осори илмиву таълимии ӯро фароҳам биёварад. Ин кори хайр ҳам як мак- таби бузурге барои омӯзандаҳои навроҳ ва ҳам арҷгузорӣ ба хидматҳои олимони пешин аст. |