Мирзо Содиқи Муншй. Девони ашъор. Матни илмии оммавй бо муқаддима ва шарҳи луғоту тавзеҳот. – Душанбе: МН «Дониш», 2022, 326 саҳ;.

Таҳти назари
Раҳматкарим Давлатзода

Таҳрири умумии
Алии Мудаммадии Хуросонй

Муҳаррир
Холида Давлатова

Мударризон
Сайидхоҷа Ализода,

–  номзади илми филология; Шамсиддин Мудаммадиев,

–      номзади илми филология.

 

Мирзо Содиқи Муншй. Девони ашъор. Матни илмии оммавй бо мудаддима ва шарҳи луғоту тавзеҳот. – Душанбе: МН «Дониш», 2022, 326 саҳ;.

Дар маҷмӯъа нахустин бор ашъори гуногуннавъи дар авроқи нусхаҳои мухталифи қаламии маҳфуз дар ганҷинаи дастнависҳои шарқии Маркази мероси хаттии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (№765, №1047, №1235) сабтгардидаи суханвари хушбаён ва хушнависи пуртавони тоҷик Мирзо Содиқи Муншй (1752-1820) бо муқаддима ва шарҳи луғоту тавзеҳоти лозим фароҳам оварда шудаанд.

Ашъори пурмуҳтавои мавсуф, ки дар қолаби ғазалу қасида, мухаммасу рубоъй, латифаву марсия ва қитъаву маснавй рехта шудаанд, бешубҳа, барои куллияи хонандагону омузандагони адабиёту фарҳангу таърихи ғановатманди халқи азизамон, алалхусус, толибилмони макотиби оливу мутавассита ва аспиранту магистру унвонҷуён, муфид хоҳанд буд.