Саид Ҳалимов. Садриддин Айнӣ ва баъзе масъалаҳои инкишофн забони адабии тоҷик. – Душанбе, ҶДММ Суфра” 2022. – 232 с.
Дар ин рисола кӯшиш шудааст, ки асарҳо, мақолаҳо, қайдҳо ва гуфтаҳои дастраси устод С. Айнӣ дар бораи забони тоҷикӣ ба қадри имкон таҳлил ва ба система дароварда шаванд. Азбаски чунин кор қадами аввалин аст, китоб аз камбудиҳо холй нахоҳад буд. Ҳангоми навиштану ба чоп тайёр кардани ин рисола Ходими Хизматнишондодаи илми РСС Тоҷикистон профессор Ҳ. Каримов, профессорон Б. Ниёзмуҳаммадов, Д. Тоҷиев, дотсентон Ҳ. Ҳамроқулов, Ҳ. Ҳусейнов, ҳамкорони муҳтарам, муаллимони кафедраи забони тоҷикии Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин ва кормандони шуъбаи забони Институти забону адабиёти ба номи Рӯдакии АФ РСС Тоҷикистон вакти худро дареғ надошта, ба муаллиф ёрй расонданд. Муаллиф ба ҳамаи муаллимони муҳтараму рафиқони мазкур млнатдорй изҳор мекунад. Эҳдо аз фарзандон ба аҳли илму фарҳанг. Ба гиромидошти 90 — солагии олими барҷаста Саид Ҳалимов. |