«Захираи Хоразмшоҳӣ» асари Ҳаким Сайид Исмоили Ҷурҷонй

Ба муносибати 35-солагш исгикдоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 70-солагии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

 

Хайати таҳририя:

ФарҳодРаҳимй (раис), Ҷӯрабек Назрие^, Убайдулло Қурбон, Қосимшо Искандаров, Муҳаммад Абдураҳмон, Абдушукур Тошев, Саиднуриддин Шаҳобиддинов, Юсуф Нуралиев

 

Муҳаррири масъул: Раҳматкарим Давлатов

 

«Захираи Хоразмшоҳӣ» асари Ҳаким Сайид Исмоили Ҷурҷонй дар таърихи илми тибб нахустин ва барҷастатарину муфасалтарин асари энсиклопедии тиббӣ мебошад, ки ба забони тоҷикй-форсӣ нигошта шудааст. Дар он номи анвои бемориҳо ва дардҳо – аз мӯи сар гирифта, то нохуни по ва тарзи муолиҷаи онҳо, номи анвои доруҳо, гиёҳони тиббӣ ва хӯрокӣ, анвои ҷонварону хосияти онҳо, навъҳои меваҳо ва хӯрокҳову маъҷунҳо ва фишурдаҳову ҳалвоҳо ва гайраву ҳоказо омадааст, ки сабаби шуҳрат ёфтани ӯ ҳамчун табиб ва ҷовидона гардидани номи ӯ дар қатори дигар донишмандони тоҷик ба монанди Абӯалй ибни Сино, Закариёи Розй, Абурайҳони Берунӣ ва дигарон гардидааст.

Феҳристи мафҳумҳои тиббӣ, ашхос, номҳои ҷуғрофӣ ва китобҳо дар охири китоби даҳум илова мешавад.