ТОРУ ПУДИ ҶОНАМОНРО ДАР НУРИ МАЪРИФАТ ШУСТУШӮ ДИҲЕМ

01.104 – уми сентябр Рӯзи китоб

Мусоҳибаи журналисти мустақил Шервони Умриддин бо Шодимуҳаммад Сӯфизода, доктори илмҳои филология, директори Китобхонаи марказии илмии ба номи Индира Гандии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истиқболи Рӯзи китоб.

Нахуст аз ин ки фурсатеро дар ихтиёри мо гузоштед, то дар ин мавзӯъ сӯҳбат биороем, сипосгузорӣ мекунам. Ба унвони суоли нахуст мехоҳам аз Шумо бипурсам, ки дилбастагии аввалини инсон ба китоб аз куҷо сарчашма мегирад?

“Инсон ба китоб ҳамеша унсу улфат ва ишқу алоқа дошт. Ақли созандаву дурбини ӯ кайҳо дарёфта буд, ки барои расидан ба орзуву ормонҳо китоб беҳтарин сарчашма ва китобхонӣ босамартарин амал аст. Китоб  василаи интиқоли мероси илмию фарҳангӣ ва таърихию адабии миллат аст. Ниёзҳо ва хостаҳои рӯзафзуни инсон дар роҳи кашфи сирру асрори офариниш ба воситаи омӯзишу хониш бароварда мешаванд. Кӯшиши пайдо кардани посух ба пурсишҳои бешумор роҷеъ ба масъалаҳои мухталифи ҳастӣ шахсони боистеъдодро, ки тавон ва ҳунари андеша кардану навиштанро доштанд, ба ёддошт кардан ва навиштани маърифати андӯхтаашон водор кард. Ба тадриҷ анбӯҳе аз ёддошту набиштаҳо дар шакли номаву чакома ба вуҷуд омад, ки хиради инсонӣ онҳоро ба ояндагон дар шакли китоб ба мерос гузошт. Ба ҳамин далел таҷруба ва дониши тамаддуни башарӣ оканда аз мероси навишторӣ дар шакли китоб сабт шудааст, ки инсониятро андешидан биёмӯзонид ва ҳамвора барои беҳтару баландтар кардани сатҳи зиндагияш хадамоти беғараз анҷом дод. Сарчашмаи хуррам, борвар ва пурсамар гардидани дарахти андешаи инсон аз китоб, хониш ва дониш аст. Муболиға нахоҳад буд, агар бигӯем, ки ҷомеъаи башарӣ аз лаҳзае «инсонӣ» шуд, ки китоб ва дониш вориди зиндагияш шуд. Илму адабу фарҳанги башарӣ ба воситаи китоб рушд мекунад. Тамоми дастовардҳои ҷомеъаи инсонӣ нахуст дар андешаи донишмандон тарҳрезӣ шуда, дар рисолаву китобҳо навишта шудаанд ва баъдан аз батни китоб берун оварда шуда, дар амал татбиқ карда шудаанд. Аз ин ҷост, ки пешравию нашвунамои илму фарҳанги ҳар ҷомеъа бар пояи хониш ва дониш устувор аст.”

Дар асри ҳозир китоб чӣ ҷойгоҳе дорад? Оё рушди ҷомеаҳоро бидуни китоб ва китобхонӣ тасаввур кардан мумкин аст?

“Китоб хиштест, ки бо он бинои ҳувияти фарҳангӣ сохтаву афрохта шудааст. Дар замони муосир, ки воситаҳои электронии ахбор, аз қабили телевизору моҳвораву роёна, ки ҳокими мутлақи фазои маҷозиянд, дар ҳаёти инсон ҳанӯз ҳам китоб беҳтарин василаи барқарор кардани робитаҳои дӯстию ҳамзистӣ дар ҷаҳони муосири бидуни сарҳад, ё ба баёне дигар «абаршаҳр» ба шумор меравад. Дар воқеъ, ҷомеае, ки мехоҳад озод ва аз назари сатҳи зиндагӣ пешрафта бо чамъияте огоҳу шод зиндагӣ кунад, ҳатман бояд ба падидаи китоб ва китобхонӣ бо чашми дигар бингарад ва дар барномаҳои стратегии хеш китобро ба унвони як унсури аслию таъсиргузор дар ҳама ниҳодҳои фардию иҷтимоӣ ҷойгоҳи муътабар диҳад.

Бузургони гузаштаи фарҳанг китобхониро «умри дубора» номидаанд. Суқрот ба ин бовар буд, ки ҷомеъа вақте ба фарзонагию саодат мерасад, ки хондани китоб кори ҳамешагияш бошад. Монтескйе таъкид кардааст, ки ҳеч лаззате дар олам гуворотар аз лаззати китобхонӣ нест. Уилям Шекспир, шоири беназири классики англис китобро бузургтарин ихтироъи башар хондааст. Шахсе, ки ба китобу омӯзиш алоқаманд аст, ҳеч гоҳ эҳсоси танҳоӣ намекунад. Ҳар лаҳзае аз зиндагии муҳаққиқу мутафаккир, ки дар танҳоӣ бо китоб ва китобхонӣ мегузарад, беҳтарин биҳишт аст. Ду мисра аз суруде, ки Аҳмад Зоҳир бо сӯз месарояд, таъкиди шоирона ва воқеъбинона бар робитаи танготанги донишманд ва китоб аст:

Кош будам чун китоб уфтода дар кунҷе хамӯш,

То нагардад рӯбарӯ ҷуз мардуми доно маро.

Вожаи «китоб» арабист ва муродифи порсии тоҷикии он «номак», (дар порсии миёна ва паҳлавӣ) «нома», (дар порсии дарӣ) мебошад. Варианти тахассуситараш дар порсии миёна «мотикон» (рисола) ва «наск» (барои бахшҳои Авесто) низ мавриди истифода буда ва мебошад.”

Таърифи китоб дар фарҳангу тамаддуни тоҷикон чӣ гуна аст? Китобу китобхонӣ ва таблиғу нашри китоб дар фарҳанги суннатии мардумони эронинажод чӣ ҷойгоҳе дорад?

“Аҳли башар, бахусус тоҷикон ва дигар қавмҳои эронӣ, ки мардумоне тамаддунсозанд, ба илму дониш ишқу алоқаи зиёд дошта, ҳамвора дар ҷустуҷӯи роҳу шеваҳое барои нигаҳдорӣ ва ба наслҳои оянда ба мерос гузоштани андӯхтаву анбоштаҳои ақлию зеҳнии хеш будаанд. Абӯрайҳони Берунӣ дар «Осору-л-боқия» ва Ибни Надим дар «Ал-феҳрист» аз ҳодисае нақл кардаанд, ки дар дар яке аз деҳоти Исфаҳон бо номи Сорӯйа бахше аз сақфи хонае фурӯ мерезад ва роҳраве ҳувайдо мешавад, ки дар интиҳои он китобхонаи бузурге вуҷуд доштааст. Дар он китобхона шумораи зиёде аз китобҳои қадима, ки аз пӯст тадвин шудаанд, мавҷуд будааст. Бино ба гуфтаи Берунӣ ва Ибни Надим ин китобҳо ба давраи Таҳмурас мансуб будаанд. Ин амр бар он далолат мекунад, ки гузаштагони мо ба нигаҳдорию анбошти дониш ва сабти он дар наску номаҳо алоқаи зиёд доштаанд ва барои ҳифзи дурусту истифода аз онҳо маконҳои муносиберо бо назардошти мавқеъи ҷуғрофӣ ва намнокии обу ҳаво интихоб менамудаанд. Риояти чунин шароит дар интихоб ва созмондиҳии китобхонаҳо дар замони муосир низ хеле мубрам мебошад. Оташи ишқ ба китоб ва илму дониш дар дилу ҷони чи раъият ва чи шоҳону амирони эронӣ ҳамеша фурӯзон будааст. Чунин нақл кардаанд, ки ҳангоми гурехтан ба Марв Яздигурд китобхонаи бузурге бо худ дошт ва аз он пайваста истифода мекард.

Китобдорӣ дар суннати  қадимаи фарҳангии мо касби бисёр арзишманду муътабаре буда, танҳо ба донишмандони асилу дараҷаи аввал вогузор мешудааст ва раёсати китобхонаҳо аз миёни олимони барҷаставу шинохта интихоб мешудаанд. Масалан, раиси Китобхонаи Аламут – Хоҷа Насируддини Тӯсӣ, раиси Китобхонаи Низомияи Бағдод – Хатиби Табрезӣ, раиси Китобхонаи Доруссалтанаи Қазвин бародарзодаи Шоҳ Таҳмосп, яке аз ҳунармандони бузург Иброҳим Мирзо будааст. Шоири ширинадо Масъуди Саъди Салмон, нахустин шоири форсигӯйи соҳибдевони Шибҳи Қора, ки аз амирон ва фармондеҳони машҳури Иброҳими Ғазнавӣ буд, ҳангоме ба симати раиси Китобхонаи дарбори Иброҳими Ғазнавӣ интихоб мешавад, бо сароҳат эълом мекунад, ки бо чунин вазифаи пурифтихор бар тамоми умаро ва фармондеҳон, ки қаблан ҳамкорони вай будаанд, шарофат ва ифтихор дорад. Ёқути Ҳумавӣ дар «Муъҷаму-л-булдон» нигоштааст, ки дар Марв даҳ китобхона мавҷуд буда, дар хазинаи ҳар кадоме беш аз 12 ҳазор ҷилд китоб маҳфуз будааст. Лозим ба ёдоварист, ки ин теъдод дар замоне навиштаву тадвин мешуда, ки тамоми корҳои марбут ба нашри китоб дастӣ анҷом меёфт ва аз ҷараёни мураккаби сохтани коғаз то  саҳҳофию ҷилдсозӣ вақти зиёде сарф мешудааст. Чунин мудирият дар амали китобдорию ҳифзи иттилоот аз сатҳи баланди зиндагии гузаштагони мо шаҳодат медиҳад.”

Ин нуктаро мехоҳам рӯшан кунед, ки китоб ва китобхонӣ дар фарҳанги исломӣ ё ба ибораи дигар бигӯем, баъди гаравидани мардуми мо ба ислом чӣ нақшу ҷойгоҳе дорад?

“Китоб дар фарҳанги исломӣ ҷойгоҳи то андозае муқаддас дорад. Офаридгор бо вожаи амрии «бихон» ба пайғамбараш нузули батадриҷи оятҳои Қуръонро оғоз бахшидааст. Дар фарҳанги исломӣ Қуръон абаркитоб аст, комилтарин, муътабартарин ва ҷомеътарин китобхонаи мусулмонон аст, аз ҷовидона омадааст ва то ҷовидона роҳнамои онон аст. Аз ин бармеояд, ки моҳияти бунёдии фарҳанги исломӣ ба хонишу дониш ва хираду андеша иртиботи танготанг дорад. Китоби муқаддас дар мақоми каломи макшуфи Худо дар батни таҷрубаҳои фикрию ҳунарии тоҷикон ҷой дорад.

Абӯусмон Умар ибни Баҳр, машҳур ба Ҷоҳиз (776-869), яке аз олимон ва адибони барҷастаи ҷаҳони ислом дар бораи китоб гуфтори дилнишину зебое дорад: «Китоб дарахтест, ки ҳамеша пурбору пурмеваву пурсамар аст. Китоб ҳамнишинест, ки туро хаставу малул намесозад, дӯстест, ки туро фиреб намедиҳад, рафиқест, ки ба ту озор намерасонад. Агар мутолиаи китоб ҳеч фоидае надошта бошад ҷуз ҳамин ки туро аз истодани беҳуда дар манзил ва нигоҳ кардан ба обирон боздорад, кифоят мекунад».

Барои таъкиди мақоми воқеии китоб дар зиндагии инсон андешамандони гузаштаи мо низ суханҳои волову шоистае гуфтаанд. Абёти мондагори Абдураҳмони Ҷомӣ дар бораи мақому мартабаи китоб

Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст

Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст.

Бувад бе музду миннат устоде,

Зи дониш бахшадат ҳар дам муроде.

Мо ҳамвора ба соҳибтамаддуну соҳибкитоб буданамон таъкид меварзем ва аз абрармардони илму фарҳанги тоҷик ба ифтихор сухан мегӯем. Хуб мебуд,  агар заминаҳо ва шароити беҳтарро барои дар амал пиёда кардани фарҳанги китобдӯстӣ ва китобхонӣ фароҳам созем. Барои ба роҳ андохтани ин кори хайр, ки бар рушди ҳама соҳаҳои ҳаёти кишвар таъсири мусбат хоҳад расонд, бояд омилҳои рӯ ба пастшавӣ ниҳодани фарҳанги китобдӯстӣ ва китобхонӣ мавриди таҳқиқу омӯзиши олимони соҳаи марбута қарор бигиранд ва дар натиҷа  барномаи давлатии дар амал ҷорӣ намудани онро таҳя шавад.”

Дар сӯҳбатҳо ва навиштаҳои Васоити ахабори омма мешунавем ва мехонем, ки тоҷикон имрӯз шавқи чандоне ба китоб ва китобхонӣ надоранд. Шояд ин таҳлилҳои як ду гурӯҳ бошад, ба назари Шумо нақш ва ҷойгоҳи китоб ва китобхонӣ дар ҷомеаи имрӯзи мо чӣ гуна аст. Оё нақши боризи китоб ва китобхониро дар ҷомеаи имрӯзи тоҷик эҳсос мекунед?

“Тоҷикон миллати соҳибкитобанд. Андешамандони олам, аз ҷумла, нависандаи барҷастаи муосири тоҷик Темур Зулфиқоров китобхонаро дорухонаи рӯҳи инсон номидаанд. Воқеъан китобхона камтар аз дорухона нест. Таъсири китобхонии ҳадафманд бар андешаву ахлоқ ва зиндагии инсон камтар аз доруву табобат нест. Китобро бояд беҳтарин доруи рӯҳ ва фикр донист. Ба ҳар шахс ва ҷомеае, ки бемори камхонист бояд чун ба бемор муносабат кард ва ба дармонаш пардохт. Вақте китоб дармони рӯҳ аст ва китобхонӣ ғизои фикру ҷон, дар муроҷиат ба пизишкон (муаллифони китоб) ва интихоби «дору», яъне китоб, бояд диққати махсус дод, зеро китобхонии нодуруст ё хондани китобҳои зараровару беҳуда ва камарзиш, ки дар бозор имрӯзҳо кам нестанд, вирусҳое ҳастанд, ки рӯҳи хонандаро гирифтори ҳар гуна бемориҳо, аз қабили ноумедӣ, афсурдагии рӯҳӣ, ҷаҳл, бардоштҳои нодуруст аз падидаҳои зиндагӣ, костиҳои ахлоқӣ, гумроҳиҳои сиёсӣ ва каҷравиҳои эътиқодӣ ва ғайра мекунанд. Бо интихоби китоби хубу фоидаовар рӯҳамонро таъолӣ бибахшем ва ҷаҳони андешаамонро пурбору шодоб гардонем.

Пеш аз ҳама насли ҷавони мо, беш аз ҳама донишҷӯ,  бояд ишқу алоқаи зиёд ба китобу дониш дошта бошад.  Донишҷӯе, ки аҳли китоб нест бояд панҷ соли умри худро сарфи рафту омад ба донишгоҳ бидуни ҳадаф ва танҳо ба хотири гирифтани диплом зоеъ накунад. Бигузорад, ки дар ҷойи ӯ шахсе донишҷӯ шавад, ки шавқу алоқа ба дониш дорад. Аз донишҷӯе, ки шавқу рағбат ба  илму китоб ва хонишу пурсишу ковиш надорад ва хондан ҷузъи  асосии зиндагияш нест ҳеч фоидае ба миллату давлат нахоҳад расид. Аз ин рӯ, дар танзими барномаҳои соҳаи маориф замина ва авлавиятҳо барои китобхонӣ ҷудо карда шавад.”

Барои ҷалби ҷавонон, бавежа насли нав ба китоб ва китобхонӣ чӣ корҳоеро бояд анҷом диҳем? Чӣ равишҳои муассире вуҷуд дорад, ки ин насл дубора ба китоб ва китобхонӣ ҷалб шавад?

“Имрӯз аксари кишварҳои олам барои рушду инкишофи варзиш маблағи хеле зиёд сарф мекунанд, аммо барои боло бурдани сатҳи дониши аҳли ҷомеа таваҷҷуҳи боистае сурат намепазирад.   Барои варзишгарон маблағҳои калон аз буҷаи давлат ва манбаъҳои дигари молӣ ҷудо мешавад, таблиғоти азиму густардае барои бедор кардани шавқу хоҳиши насли ҷавон ба варзиш созмон дода мешавад. Тамоми ниҳодҳои иттилоотӣ, аз қабили телевизиону радио ва рӯзномаву маҷаллаҳо аз пирӯзии ин ё он варзишгаре ҳамвора бо ифтихори баланд хабару барномаҳо пахш мекунанд. Ин хуб аст. Дар ин радиф аз ғалабаи толибилмону донишҷӯёни кишвар, ки пайваста дар мусобиқаҳои банулмилалии илмӣ  пирӯзиҳо ба даст меоранд, низ истиқболи дурусте сурат бояд гирад. Албатта варзиш хуб аст, ҷойи баҳс нест, тавассути варзиш кишвар ба оламиён муаррифӣ мешавад, ки ҷойи ифтихор аст. Бояд таблиғу таҳсин ва хароҷоти молию пулие, ки барои омода кардани як хонандаи мактаб ё донишҷӯе, ки дар олимпиадаҳои байнулмилалии илмӣ рақобатпазир на камтар аз масрафи барои варзишгари сатҳи ҷаҳонӣ бошад.”

Фикр мекунед ин соҳа, яъне соҳаи китобдорӣ ба таваҷҷӯҳи махсуси ҳукумат, махсусан сармоягузорӣ ва пиёда кардани фасилаҳои мудерни китобдориву китобхонӣ дар китобхонаҳо, ниёз дорад?

“Бале. Мусаллам аст, ки маблағгузорӣ дар соҳаи таълим бебохт ва камриск ва аз тарафи дигар хеле фоидаовар аст. Масалан, иштироки фаъоли варзишгар дар саҳнаҳои байнулмилалии варзишӣ бо сабабҳои айнӣ ва зеҳнӣ тӯлонӣ буда наметавонад. Аммо бо гузашти вақт тавонмандии донишҷӯе, ки дар мусобиқаҳои илмӣ пирӯзӣ ба даст меоварад, бештар мегардад ва дониши андӯхтаашро таҷрубаҳои зиндагияш, ки бо гузашти замон бештар мешаванд, вусъат ва умқи бештар мебахшанд. Дониши чунин гурӯҳи ҷавонон  ҳамвора дар афзоиш хоҳад буду дар ҳама кору аъмолашон муваффақият ёрашон  ва ҳеч маблағи махсусу иловагие давлат барои такмили донишҳои онҳо сарф нахоҳад кард. Бинобар ин, агар кишварҳо аққалан бист дар сади маблағеро, ки дар таблиғу тарвиҷи дастовардҳои варзишии мамлакаташон сарф мекунанд, барои такмил ва таҳкими пояҳои илмию таълимии мактабҳое, ки шогирдонашон дар мусобиқаҳои байнулмилалӣ пирӯзӣ ба даст овардаанд, сарф намоянд, гоме бузургтар бар сӯи фардои дурахшон хоҳад буд.”

Имрӯз мо мушоҳида мекунем, ки дар китобфурӯшиҳо ё бозори китоб осори камарзиш ва муҳтавои пастдошта арза мешаванд, ин падида ба зеҳният ва завқи мардуми мо то чӣ ҳад таъсири манфӣ мегузорад?

“Дардтовар аст, ки дар замони мо китобҳое чоп ва пахш мешаванд хонандаи ноогоҳро ба гумроҳӣ бурда, бешак зиёни ҷиддие ба андешаи ҷомеъа мерасонанд. Бесаводӣ мушкили ҷомеъаи имрӯз нест, мушкил дар он аст, ки камсаводону ноогоҳону шахсони тасодуфӣ қаламбадасту нависанда шудаанд. Иддае бо афкоре паст, донишҳои сатҳӣ ва ноогоҳӣ аз равишу услуби таҳқиқоти илмӣ рисолаи пажӯҳишӣ менависанд, дар сурате ки битамом аз тарзу услуб ва равиши нигориши мақолаи илмӣ ё таҳқиқу баррасии масъалае аз дидгоҳи илмӣ огоҳӣ надоранд. Ин тоифа дар як сол панҷ-даҳ ва ҳатто бештар «китоб» менависанд. Баъзан шахсони огоҳ ва андешманд аз соҳаҳои дигари илм чунин таълифотро пажӯҳиши ҷиддии илмӣ гуморида, бо такя бар натиҷаҳои заифу каммояи онҳо баррасиҳои хешро сомон медиҳанд, ки  a priori ба натиҷаи номатлуб метавонад биоварад. Китоби заифу бепояву носолим монанди ғизои гандидаву пӯсида, ки одами тандурустро гирифтори бемориҳои хатарнок ва марговар мекунад, метавонад андешаи инсонро ба бемориҳои ҷиддию сирояткунандае гирифтор кунад, ки пайомади хеле носолим хоҳад дошт. Ғизои гандида фақат ҷисми одамро гирифтори беморӣ мекунад, аммо китоби гумроҳкунанда ба рӯҳ осеб мерасонад ва муолиҷаи бемориҳои рӯҳӣ бамаротиб гаронтар аз табобати бемориҳои ҷисмонист. Аз ин рӯ, ба хотири аз маводди мавриди мутолиа баҳраи саҳеҳу дуруст гирифтан  бояд дар интихоби китоб ва ё манбаъи иттилоотӣ хеле ҳӯшмандона рафтор кунем ва беҳтарин китобҳоро барои хониш ва истифодаи хеш баргӯзинем. Бо роҳ додани китобҳои аз нигоҳи муҳтавову мундариҷа камарзишу суст ба муҳити хона, мактаб, донишкада ва донишгоҳҳо муҳити хатарзое ба вуҷуд меояд, ки андеша ва афкори наврасону ҷавононро ба осонӣ метавонанд ба масмӯмияти фикрию ахлоқӣ гирифтор кунад, аммо мутаассифона муолиҷаи таъсири ин заҳролӯдшавӣ хеле душвор буда, аз назари молию ҳолӣ барои ҷомеа хеле гарон тамом хоҳад шуд. Бар ин асос, назорати падару модар, масъулони ниҳодҳои таълимию илмӣ ва адабию фарҳангиии кишвар бар дарунмоя ва мазмуну матолиби китоб боиста ва воҷиб аст, зеро аз ин роҳ андешаву ақидаи наврасону ҷавононро аз айбу офатҳо мешавад эмин нигоҳ дошт.  Идора кардани ҷамъияти огоҳу бофаҳм, китобхондаву таълимгирифта бамаротиб осонтар аз ҷамъиятест, ки аз илму дониш ва фарҳангу хирад дур аст. Пас, бояд ҳама корро кард, то мардум ҳамвора машғули касби дониш ва такмили андӯхтаҳои хеш бошанд.”

Чӣ равишҳоеро бояд пеш гирем, ки ишқу алоқаи мардум ба китобу китобхонӣ бештарн шавад?

“Дар бедор намудани ишқу алоқа ба китобдӯстиву китобхонӣ нақши хонавода ва муассисаҳои томактабӣ ва таълимӣ хеле муҳимм аст. Онҳое, ки дар оилаҳои босаводу китобхон тарбият мешаванд дар муқоиса бо хонаводаҳое, ки дар онҳо ба китоб аҳамийят намедиҳанд ва китоб намехонанд, ба китоб алоқаи бештар зоҳир мекунанд. Агар ба зиндагиномаи бузургони илму адаб назаре сатҳӣ афганем, хоҳем дид, ки бештари онҳо дар хонаводаҳое ба воя расидаанд, ки падару модар ё модаркалону бобояшон аҳли мутолиа ва ё илму таҳқиқ будаанд. Дар осори гузаштагон ҳамвора таъкид мешавад, ки китоби хуб «баёнгари ангезаи боло, андешаи воло ва нишонаи истеъдоду нубуғи одамист. Хондани китоби хуб хотири одамро шоду пурнишот мекунад, ба вай панду ҳикмати ҷонпарвару рӯҳафзо меомӯзонад ва мояи оромиши рӯҳу ҷонаш мегардад.

Мо дар замоне зиндагӣ мекунем, ки тарзу усул ва равишҳои донишомӯзӣю донишандӯзӣ ва хониши китоб хеле дигаргун ва мутанавеъ шудааст. Дар паҳлӯи маҳдуд гардидани фаъолияти суннатии китобхонаҳои анъанавӣ равишҳои нави хонишу мутолиъа пайдо шудаанд. Истифода аз китобхонҳои электронӣ (Book Readers), китобҳои савтӣ (Audio Books) ва телефонҳои ҳамроҳу айпеду айфонҳо дастрасӣ ба китобро бамаротиб осон кардааст. Ин воқеъияти зиндагӣ боис шудааст, ки инсон дар ҳама ҳолат дастрасӣ ба китоб ва манбаъҳои иттилоот дошта бошад.

Бо истифода аз имкониятҳои васеи шабакаҳои бешумори иттилоотӣ одамон дар кӯтоҳтарин муҳлат ба суолҳои хеш посухи қонеъкунанда пайдо мекунанд. Ин омил низ кашишу рағбати шахсро ба китохонӣ кунд мекунад.

Шахсеро, ки вориди Китобхона мешавад, як ҳисси боландагӣ ва фараҳу шодмонии аҷибе фаро мегирад. Кас гумон мекунад, ки  ӯ ба ҷаҳони андешамандону абармардони бузурги илму фарҳангу адаби башарӣ ворид мешавад.

Дараҷаи рушду тарақии илмию фарҳангии ҳар ҷомеъае ба воситаи китоб санҷида мешавад. Ҳарчи шумораи чопу интишори китоб бештар бошад, ҳувият ва асолати он ҷомеъа намуди дурахшонтаре ба худ мегирад. Дар Тоҷикистон маълумоти дақиқи расмии оморӣ дар бораи вазъи китобхонӣ дар кишвар мавҷуд нест. Дур аз оморҳо агар ба ҳаёти мардумони ватанамон назаре сатҳӣ биафганем, хоҳем дид китобу китобхонӣ дар зиндагии мардум мақоми шоиста надорад. Бояд таъкид варзид, ки чунин муносибат ба китобхонӣ хоси аксар кишварҳои дунёст ва дар ҳама гӯшаву канори дунё вазъияти мутолиа ба ҳамин минвол аст. Мусаллам аст, ки китоб ва китобхонӣ як амали фоидаовар ва бисёр заруру муҳимм дар зиндагии инсон аст, аз ин рӯ, барои ниҳодина кардани тадбирҳои мушаххасу муассир андешидан зарур аст. Таърих гувоҳ аст, дар кишваре, ки сатҳи китобдӯстию китобхонии мардум боло будааст, барои ояндагон ганҷинаи ғанию мондагоре аз мероси илмию адабӣ мерос расидааст.”

Чунин барномаҳо ҷомеаи моро аз бунбасти дурӣ аз китобхонӣ берун бароварда метавонад? Барои пиёда кардани чунин барномаҳо мо бояд чӣ корҳоеро сомон диҳед?

“Пиёда кардани барномаи мазкур барои Тоҷикистони соҳибистиқлол хоссатан дар даврони ҷаҳонишавӣ ва рушди мудовими технологияҳои навини иттилоотӣ хеле фоидаовар аст. Бисёр возеҳ ва равшан аст, ки масъалаи нерӯманд гародонидани афроди ҷомеъа бо роҳи боло бурдани сатҳи китобхонию донишандӯзии он ниҳоятан бар тавоноии фарҳанг ва забони миллӣ афзуда мешавад ва аз таҳоҷуми фарҳангҳои бегона солим берун меояд.  Бо боварии комил метавон гуфт, ки аз таъсири фарҳангу суннатҳои бегона халос шудан бамаротиб гаронтар ва пурҳазинатар аз хароҷоте хоҳад буд, ки дар роҳи ҷорӣ намудани барномаи рушди фарҳанги китобдӯстӣ ва китобхонӣ масраф мешавад. Дар ҷамъияте, ки фазои муносиби хонишу пажӯҳишу омӯзиш бидуни ҳар гуна маҳдудиятҳо мавҷуд аст ва алоқамандон озодона машғули корҳои хешанд, фарҳангу суннатҳои бегона ба он халале ворид карда наметавонанд.

Дар барномарезиҳои давлатӣ дар соҳаи маориф роҳҳои ба вуҷуд овардан ва парвариш намудани ишқу алоқа ба китобу китобхонӣ бояд бо истифода аз таҷрибаи кишварҳои дигар дар заминаи дастовардҳои назарию амалӣ роҷеъ ба ин масъалаи муҳимм тарҳрезӣ карда шаванд.  Бо вусъат бахшидан ба таълифу нашри китоб ва таблиғу тарвиҷи фарҳанги китобхонӣ метавонем миллатро ва бахусус қишри  тавонманду пурсишгари ҷавонро, ки ҳамвора ба дунболи ҷустан ва донишандӯзии бештар аст, бо иттилооти фоидаовар ва донишҳои муосири мавриди ниёзи ҷомеъа таъмин намуда, бад-ин васила шамъи боварӣ ва умед ба ояндаи дурахшонро дар дили аҳли ҷомеъа  фурӯзон нигоҳ дорем.

Имсолро беҳуда соли ҷавонон эълон накардаанд. Бо фароҳам намудани шароити муносиб барои хониш ва дониш барои сокинони кишвар, бавежа қишри ҳассосу ҷӯянда ва пурэнерҷию пӯёи ҷавон, ки ҳамвора ба дунболи омӯзишу донистани бештар буда, аз воситаҳои ҳозиразамони иттилоотӣ  фаровон истифода мебарад, баҳрабардорӣ аз фарҳангу суннатҳои бегона дар шакли мусбат сурат хоҳад гирифт, зеро бо доштани заминаҳои қавии миллӣ, ки бо китобхонии мудовим дар одамон табиатан пайдо мешавад, авлавият бахшидан ба фарҳанги хеш амре зарурӣ мегардад. Аз ин рӯ, дар чунин замони ҳассос тадбирандешиҳову мудирияти огоҳона дар ба таври мунтазам боло бурдани фарҳанги китобу китобхонӣ ва таълифу чопу интишори китоб амри хеле зарурист.”

Бар иловаи он чи кӣ фармудед, боз василаҳои боло бурдани фарҳанги китобхонӣ кадом аст?

“Яке аз роҳҳои боло бурдани фарҳанги китобхонӣ созмон додани мусобиқаҳои китобхонӣ  метавонад бошад. Чунин мусобиқаҳоро дар тамоми минтақаву ноҳияҳои Тоҷикистон баргузор бояд кард. Ба ғайр аз ин бояд мутолиаи ҳатмии теъдоди муайяне аз китобҳои ғайридарсиро ба унвони яке аз шартҳои асосии қабули довталабони ба мактабҳои олӣ эълом кард.

Китоб ва китобхонӣ барои хубтар шинохти беҳтари суннатҳои асили илмию фикрию адабии тоҷикон ва ҳифзи ҳувияти фарҳангӣ муносибтарин василаест, зеро ба нудрат миллатҳову қавмҳоеро метавон дар таърихи башарият баршумурд, ки мисли мардумони тамаддунофари эрониюласл соҳиби теъдоди бузурге аз нухбагони илмию фарҳангӣ бошад ва мероси арзишманду гаронбаҳоеро ба башарият ба мерос гузошта бошад.  Мероси ғайримоддие, ки ин миллат дар шакли китоб ба инсоният гузоштааст, беш аз тасаввури мост.  Ҷойи дареғу шиква аст, ки ба ҷойи меросхори шоиставу содиқ будан ва арҷ ниҳодан ба он мероси бартару баландқадри гузаштаамон мо ва алахусус насли ҷавон дар ин замони пурошӯб ба хотири ҳифзи истиқлолияти кишвар бояд ҳаматарафа мусаллаҳ бошем, то тавонем дар муқобили таҳоҷуми бегонагон муқобилият карда тавонем ва ҳар гуна рӯйдодҳои вайрониовару талошу кӯшишҳои яғмогаронаро посухе дандоншикан бидиҳем.

Барои дар амал татбиқ кардани ин амр пеш аз ҳама бояд донист, ки дунёи бекаронаву шигифтангези китобу китобхонӣ ба ҳамаи қишру гурӯҳҳои чамъият тааллуқ дорад. Ҳар кас бояд бо китоб зиндагӣ кунад ва хониши пайваставу пайгиронаи китобро мисли об нӯшидан ё монанди ғизо хӯрдан бояд як ниёзи ҳамарӯзаи хеш бидонад. Ба ибораи дигар, арҷ гузоштан ба китоб ва аҳаммият додан ба мутолиа бояд яке аз вазифаҳои муҳимми ниҳодҳои фарҳангию таълимию иҷтимоии Тоҷикистон  гардад. Роҳи ниҳодина шудани ин кор ин аст, ки дар навбати аввал дар муҳити хонаводаҳо китобхонӣ анъана шавад, то дар замири фарзандон аз даврони хурдсолӣ одати китобхонӣ ба вуҷуд ояд ва ин рӯҳия минбаъд дар мактабу донишгоҳ пайгирона тавсеа дода шавад. Воситаҳои ахбори омма, яъне шабакаҳои телевизионӣ, маҷаллаву рӯзномаҳо ва дигар воситаҳои тарғиботӣ метавонанд яке аз ҳадафҳои асосии хешро тарғибу ташвиқи китобу мутолиа қарор диҳанд.

Судмандтарин хониш он аст, ки шумо асарро бо назари интиқодию пажӯҳишӣ мутолиа карда, онро дар густураи фарохтаре аз ҳамин гуна бозёфтаҳои адабӣ мавриди муқоиса ва муқорана қарор дода, дар натиҷа ба кашфиётҳои тозае даст ёбед. Танҳо бо чунин   тарзи китобхонӣ метавон ба манфиати бештаре аз хонишу дониш ноил гашт. Ва баръакс хонандае, ки китобро бо нигоҳи мустақилу огоҳона хонда наметавонад, назари мустақили худро надорад ва дар ҳама мавридҳо дидгоҳи комилан ҳамранге бо нависанда дорад, ҳеч суде аз чунин хониш гирифта наметавонад.

Бисёр шигифангез аст, ки насли муосир аз тамоми моҷаро ва шӯру ҳангомаҳое, ки дар атрофи “ситораҳои” ҳунар мегузарад, хабар доранд аммо агар бипурсӣ, ки Фирдавсӣ кист, ё аз Рӯдакӣ як байт шеър бигӯ, намедонад. Аҷибтар ин аст, ки манзили зисти одамҳо ҳарчи бузургтар бошад, дар он китоб камтар дида мешавад. Итминон дорам, ки чунин тарзи зиндагӣ саодати дерпо нахоҳад дошт. Китоб яке аз василаҳои даст ёфтан ба доноию тавоноию камолоти маънавию молист. Хониши пайгирона ва омӯзиш одамро дар фаҳму дарки дуруст ва шинохти рост аз дурӯғ, фарқ гузоштан байни хубӣ ва бадӣ ёрӣ медиҳад.”

Яъне, ба андешаи Шумо китобдӯстӣ ва китобхонӣ маҳаки аслии рушд ва пешрафти ҷомеаи имрӯзӣ аст?

“Оре. Дар замони муосир аксари кишварҳо таҳти таъсири таҳаввулоти бузурги илмию технологӣ қарор дошта, рӯ ба сӯйи созмон додани чомеаҳои иттилоотиянд. Чунин ҷомеъаро «ҷомеаи шабакавӣ» меноманд, ки сарҳадҳояш сарҳадҳои ҷуғрофии он нестанд, балки сарҳадоти шабакаҳои иттилоотиянд. Дар чунин вазъият кишварҳо ба ҷангу ҷидолҳое аз қабили нобаробариҳои иҷтимоӣ, ҳуввиятхоҳиҳои ҷадид ва ҳолатҳое чун нақши интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ дар ҳамзистии ҷаҳонӣ рӯ ба рӯ шудаанд. Васеъ гардидани чаҳорчӯбаи робитаҳои  зиндагии иҷтимоии инсони муосир тавассути фазои маҷозӣ олами муносибатҳои ӯро бузургтару фарохтар мекунад ва дар вай эҳсоси назоратнопазир шудани чунин дунёеро ба вуҷуд меоварад.

Барои ниҳодина кардани фарҳанги китобхонӣ бояд Вазорати маориф ва илм, Вазорати фарҳанг, Кумитаи радио ва телевизион, Иттиҳодияҳои эҷодӣ, рӯзномаву маҷаллаҳо ва тамоми мақомоти давлатию ҷамъиятӣ пайгирона талош варзанд.

Хулоса китобдӯстӣ ва китобхонӣ дурусттарин роҳи расидан ба хушбахтӣ ва оромию осудагии рӯзгор, қуфлкушои ҳама дарҳо, раҳоӣ аз ҷаҳлободи нодонӣ буда, инсонро аз ҷаҳолат берун меоварад, забонро фасоҳат ва баёнро малоҳат меафзояд. Китоб донишро зиёд мекунад ва обрӯйро меафзояд. Аз ин ҷо ҳаким Фирдавсӣ таъкид мекунад, ки «ба дониш дили пир барно бувад.”

Мусоҳибаи

Шервони УМРИДДИН