Кӯшиши пайдо кардани посух ба пурсишҳои бешумор роҷеъ ба масъалаҳои мухталифи ҳастӣ шахсони боистеъдодро, ки тавон ва ҳунари андеша кардану навиштанро доштанд, ба ёддошт кардан ва навиштани маърифати андӯхтаашон водор кард. Ба тадриҷ анбӯҳе аз ёддошту набиштаҳо дар шакли номаву чакома ба вуҷуд омад, ки хиради инсонӣ онҳоро ба ояндагон дар шакли китоб ба мерос гузошт. Ба ҳамин далел таҷруба ва дониши тамаддуни башарӣ оканда аз мероси навишторӣ дар шакли китоб сабт шудааст, ки инсониятро андешидан биёмӯзонид ва ҳамвора барои беҳтару баландтар кардани сатҳи зиндагияш хадамоти беғаразона анҷом дод. Сарчашмаи хуррам, борвар ва пурсамар гардидани дарахти андешаи инсон аз китоб, хониш ва дониш аст. Ақли созандаву дурбини ӯ кайҳо дарёфта буд, ки барои расидан ба орзӯву ормонҳо китоб беҳтарин сарчашма ва китобхонӣ босамартарин роҳест. Китоб василаи интиқоли мероси илмию фарҳангӣ ва таърихию адабии миллат аст. Ниёзҳо ва хостаҳои рӯзафзуни инсон дар роҳи кашфи сиру асрори офариниш ба воситаи омӯзишу хониш бароварда мешаванд. Муболиға нахоҳад буд, агар бигӯем, ки ҷомеъаи башарӣ аз лаҳзае «инсонӣ» шуд, ки китоб ва дониш вориди зиндагияш шуд. Ба воситаи китоб аст, ки илму адабу фарҳанг дар зиндагии башарӣ рушд мекунад. Тамоми дастовардҳои ҷомеъаи башарӣ нахуст дар андешаи донишмандон тарҳрезӣ шуда, дар рисолаву китобҳо навишта шудаанд ва баъдан аз батни китоб берун оварда шуда, дар амал татбиқ карда шудаанд. Аз ин ҷост, ки пешравию нашвунамои илму фарҳанги ҳар ҷомеъа бар пояи хониш ва дониш устувор аст. Аз ин рӯ китобро хиште гуфтаанд, ки бо он бинои ҳуввияти фарҳангӣ сохтаву афрохта шудааст. Инсон ҳамеша унсу улфат ва ишқу алоқа ба китоб дошт.
Дар замони муосир, ки воситаҳои электронии ахбор аз қабили телевизору моҳвораву роёна, ки ҳокими мутлақи фазои маҷозиянд, китоб ҳанӯз ҳам беҳтарин василаи барқароркунандаи робитаҳои дӯстию ҳамзистии инсонҳо дар ҷаҳони муосири бидуни сарҳад ба шумор меравад. Дар воқеъ, ҷомеае, ки мехоҳад бо сатҳи зиндагӣ пешрафта, бо ҷамъияте огоҳу озоду шод зиндагӣ кунад, ҳатман бояд ба падидаи китоб ва китобхонӣ бо чашми дигар бингарад ва дар барномаҳои стратегии хеш ба китоб чун як унсури аслию таъсиргузор дар ҳама ниҳодҳои шахсию иҷтимоӣ ҷойгоҳе баланд ва муътабар таъин кунад.
Бузургони гузашта китобхониро «умри дубора» номидаанд. Суқрот ба ин бовар будааст, ки ҷомеъа вақте ба фарзонагию саъодат мерасад, ки хондани китоб машғулияти ҳамешагии фард-фарди он бошад. Монтескйе таъкид кардааст, ки ҳеч лаззате дар олам гуворотар аз лаззати китобхонӣ нест. Уилям Шекспир, шоири беназири классики англис китобро бузургтарин ихтироъи башар хондааст. Шахсе, ки ба китобу омӯзиш алоқаманд аст, ҳеч гоҳ эҳсоси танҳоӣ намекунад. Ҳар лаҳзае аз зиндагии муҳаққиқу мутафаккир, ки дар танҳоӣ бо китоб ва китобхонӣ мегузарад, беҳтарин замони зиндагии ӯст.
Мо ҳамвора ба соҳибтамаддуну соҳибкитоб буданамон таъкид меварзем ва аз абрармардони илму фарҳанги тоҷик ба ифтихор сухан мегӯем, аммо амалан коре дар ин росто анҷом намедиҳем, то пайравони суннатҳои қадима будани хешро амалан исбот намоем. Ба ҷои чунин шиорпартоиҳо хуб мебуд, агар заминаҳо ва шароити лозимро барои дар амал пиёда кардани фарҳанги китоб ва китобхонӣ фароҳам созем. Барои ба роҳ андохтани ин кори хайр, ки бар рушди ҳама соҳаҳои ҳаёти кишвар таъсири мусбат хоҳад расонд, бояд омилҳои рӯ ба пастшавӣ ниҳодани фарҳанги китоб ва китобхонӣ мавриди таҳқиқу омӯзиши олимони соҳаи марбута қарор бигиранд ва дар натиҷа барномаи давлатии дар амал ҷорӣ намудани онро таҳя шавад.
Тоҷикон миллати соҳибкитобанд. Андешамандони олам, аз ҷумла, нависандаи барҷастаи муосири тоҷик Темур Зулфиқоров китобхонаро дорӯхонаи рӯҳи инсон номидаанд. Воқеъан китобхона камтар аз дорухона нест. Таъсири китобхонии ҳадафманд бар андешаву ахлоқ ва зиндагии инсон камтар аз дорӯву табобат нест. Китобро бояд беҳтарин доруи рӯҳ ва фикр донист. Ба ҳар шахс ва ҷомеае, ки бемори камхонист бояд чун ба бемор муносабат кард ва ба дармонаш пардохт. Вақте китоб дармони рӯҳ асту китобхонӣ ғизои фикру ҷон, дар муроҷиат ба пизишкон (муаллифони китоб) ва интихоби «дору», яъне китоб, бояд диққати махсус дод, зеро китобхонии нодуруст ё хондани китобҳои зараровару беҳуда, ки дар бозор имрӯзҳо кам нестанд, вирусҳое ҳастанд, ки рӯҳи хонандаро гирифтори ҳар гуна бемориҳо, аз қабили ноумедӣ, афсурдагии рӯҳӣ, ҷаҳл, бардоштҳои нодуруст аз падидаҳои зиндагӣ, костиҳои ахлоқӣ, гумроҳиҳои сиёсӣ ва каҷравиҳои эътиқодӣ ва ғайра мекунанд. Бо интихоби китоби хуб фоидаовар рӯҳамонро таъолӣ бибахшем ва ҷаҳони андешаамонро пурбору шодоб гардонем.
Пеш аз ҳама насли ҷавони мо, беш аз ҳама донишҷӯ, бояд ишқу алоқаи зиёд ба китобу дониш дошта бошад. Донишҷӯе, ки аҳли китоб нест бояд панҷ соли умри худро сарфи рафту омад ба донишгоҳ бидуни ҳадаф ва танҳо ба хотири гирифтани диплом зоеъ накунад. Бигузорад, ки дар ҷойи ӯ шахсе донишҷӯ шавад, ки шавқу алоқа ба дониш дорад. Аз донишҷӯе, ки шавқу рағбат ба илму китоб ва хонишу пурсишу ковиш надорадва хондан ҷузъи асосии зиндагияш нест ҳеч фоидае ба миллату давлат нахоҳад расид. Аз ин рӯ дар танзими барномаҳои соҳаи маориф замина ва авлавиятҳо барои китобхонӣ ҷудо карда шавад.
Шигифтангез аст, ки аксари кишварҳои олам барои рушду инкишофи варзиш маблағи хеле зиёд сарф мекунанд, аммо барои боло бурдани сатҳи дониши аҳли ҷомеа таваҷҷуҳи боистае сурат намепазирад. Барои варзишгарон маблағҳои калон аз буҷаи давлат ва манбаъҳои дигари молӣ ҷудо мешавад, таблиғоти азиму густардае барои бедор кардани шавқу хоҳиши насли ҷавон ба варзиш созмон дода мешавад. Тамоми ниҳодҳои иттилоотӣ, аз қабили телевизиону радио ва рӯзномаву маҷаллаҳо аз пирӯзии ин ё он варзишгаре ҳамвора бо ифтихори баланд хабару барномаҳо пахш мекунанд. Аммо боре надидаам, ки аз ғалабаи толибилмону донишҷӯёни кишвар, ки пайваста дар мусобиқаҳои банулмилалии илмӣ аз пирӯзиҳо ба даст меоранд, истиқболи дурусте сурат гирифта бошад. Албатта варзиш хуб аст, ҷойи баҳс нест, тавассути варзиш кишвар ба оламиён муаррифӣ мешавад, ки ҷойи ифотихор аст. Чизе дигар маро ба ҳайрат меоварад: хароҷот молию пулие, ки барои омода кардани як варзишгари сатҳи ҷаҳонӣ ва як хонандаи мактаб ё донишҷӯе, ки дар олимпиадаҳои байналмилалии илмӣ рақобатпазир бошад, фарқи калон дорад. Гумонам, маблағе, ки барои варзиш сарф мешавад бамаротиб бештар аз хароҷотест, ки барои донишҷӯ сарф мешавад. Бар илова мусаллам аст, ки маблағгузорӣ дар соҳаи таълим бебохт ва камриск ва аз тарафи дигар хеле фоидаовар аст. Аммо дар асл воқеъият дигар аст. Иштироки фаъоли варзишкор дар саҳнаҳои байналмилалии варзишӣ бо сабабҳои айнӣ ва зеҳнӣ тӯлонӣ буда наметавонад. Аммо бо гузашти вақт тавонмандии донишҷӯе, ки дар мусобиқаҳои илмӣ пирӯзӣ ба даст меоварад, бештар мегардад ва дониши андӯхтаашро таҷрубаҳои зиндагияш, ки бо гузашти замон бештар мешаванд, вусъат ва умқи бештар мебахшанд. Дониши чунин гурӯҳи ҷавонон ҳамвора дар афзоиш хоҳад буду дар ҳама кору аъмолашон муваффақият ёрашон ва ҳеч маблағи махсусу иловагие давлат барои такмили донишҳои онҳо сарф нахоҳад кард. Оё хуб намебуд, агар кишварҳо аққалан бист дар сади маблағеро, ки дар таблиғу тарвиҷи дастовардҳои варзишии мамлакаташон сарф мекунад, барои такмил ва таҳкими базаҳои илмию таълимии мактабҳое, ки шогирдонашон дар мусобиқаҳои байнулмилалӣ пирӯзӣ ба даст овардаанд, сарф намоянд.
Дардтовар аст, ки дар замони мо китобҳое чоп ва пахш мешаванд хонандаи ноогоҳро ба гумроҳӣ мебаранд ва бешак зиён ба андешаи ҷомеъа мерасонанд. Бесаводӣ мушкили ҷомеъаи имрӯз нест, мушкил дар он аст, ки камсаводону ноогоҳону шахсони тасодуфӣ қаламбадасту нависанда шудаанд. Иддае ҳарчи нуки забонашон ояд, менависанд ва онро пажӯҳиши илмӣ менигоранд, дар сурате ки битамом аз тарзу услуб ва равиши нигориши мақолаи илмӣ ё таҳқиқу баррасии масъалае аз дидгоҳи илмӣ огоҳӣ надоранд. Ин тоифа дар як сол панҷ-даҳ ва ҳатто бештар «китоб» менависанд ва хонандагони хешро доранд. Баъзан шахсони огоҳ ва андешманд аз соҳаҳои дигар чунин таълифотро пажӯҳиши илмии ҷиддӣ гуморида, бо такя бар маводди чунин китобҳои аз назари илмӣ заиф баррасиҳои хешро сомон медиҳанд, ки a priori ба натиҷаи нодуруст меоварад. Китоби заифу бепояву носолим монанди ғизои гандидаву пӯсида, ки одами тандурустро гирифтори бемориҳои хатарнок ва марговар мекунад, метавонад андешаи инсонро ба бемориҳои ҷиддию сирояткунандае гирифтор кунад, ки натоиҷи хеле бад ба бор хоҳад овард. Аз ин рӯ ба хотири аз маводди мавриди мутолеа баҳраи саҳеҳу дуруст гирифтан бояд дар интихоби китоб ва ё манбаъи иттилоотӣ хеле ҳӯшмандона рафтор кунем ва беҳтарин китобҳоро барои хониш ва истифодаи хеш баргӯзинем. Бо роҳ додани китобҳои сусту носолим ба муҳити хона, мактаб, донишкада ва донишгоҳҳо муҳити хатарзое ба вуҷуд меояд, ки андеша ва афкори наврасону ҷавононро ба осонӣ метавонанд ба масмӯмияти фикрию ахлоқӣ гирифтор кунад, аммо мутаассифона муолиҷаи таъсири ин заҳролӯдшавӣ хеле душвор буда, аз назари молию ҳолӣ барои ҷомеа хеле гарон тамом хоҳад шуд. Бар ин асос назорати падару модар, масъулони ниҳодҳои таълимию илмӣ ва адабию фарҳангиии кишвар бар дарунмоя ва мазмуну матолиби китоб боиста ва воҷиб аст, зеро аз ин роҳ андешаву ақидаи наврасону ҷавононро аз айбу офатҳо мешавад эмин нигоҳ дошт. Идора кардани як ҷамъияти огоҳу бофаҳму китобхондаву таълимгирифта бамаротиб осонтар аз ҷамъиятест, ки аз илму дониш ва фарҳангу хирад дур аст. Пас, бояд ҳама корро кард, то мардум ҳамвора машғули касби дониш ва такмили андӯхтаҳои хеш бошанд.
Дар бедор намудани ишқу алоқа ба китобу китобхонӣ нақши хонавода ва муассисаҳои таълимӣ хеле муҳимм аст. Онҳое, ки дар оилаҳои босаводу китобхон тарбият мешаванд дар муқоиса бо хонаводаҳое, ки дар онҳо ба китоб аҳамийят намедиҳанд ва китоб намехонанд, ба китоб алоқаи бештар зоҳир мекунанд. Агар назаре сатҳӣ ба зиндагиномаи бузургони илму адаб афганем, хоҳем дид, ки бештари онҳо дар хонаводаҳое ба воя расидаанд, ки падару модар ё модаркалону бобояшон аҳли мутолеа ва ё илму таҳқиқ будаанд. Дар осори гузаштагон ҳамвора таъкид мешавад, ки китоби хуб «баёнгари ангезаи боло, андешаи воло, ва нишонаи истеъдоду нубӯғи одамист. Хондани китоби хуб хотири одамро шоду пурнишот мекунад, ба вай панду ҳикмати ҷонпарвару рӯҳафзо меомӯзонад ва мояи оромиши рӯҳу ҷонаш мегардад.
Таърих гувоҳ аст, дар кишваре, ки сатҳи китобдӯстию китобхонии мардум боло будааст, ганҷинаи ғанию мондагоре аз мероси илмию адабӣ барои ояндагон аз худ ба мерос гузоштааст. Ниҳодина кардани фарҳанги китобхонӣ барои Тоҷикистони соҳибистиқлол хосатан дар даврони ҷаҳонишавӣ ва рушди мудовими технологияҳои навини иттилоотӣ хеле фоидаовар аст. Бисёр возеҳ ва равшан аст, ки масъалаи нерӯманд гародонидани афроди ҷомеъа бо роҳи боло бурдани сатҳи китобхонию донишандӯзии он ниҳоятан бар тавоноии фарҳанг ва забони миллӣ афзуда мешавад ва аз таҳоҷуми фарҳангҳои бегона солим берун меояд. Бо боварии комил метавон гуфт, ки аз таъсири фарҳангу суннатҳои бегона халос шудан бамаротиб гаронтар ва пурҳазинатар аз хароҷоте хоҳад буд, ки дар роҳи ҷорӣ намудани барномаи рушди фарҳанги китоб ва китобхонӣ масраф мешавад. Дар ҷамъияте, ки фазои муносиби хонишу пажӯҳишу омӯзиш бидуни ҳар гуна маҳдудиятҳо мавҷуд аст ва алоқамандон озодона машғули корҳои хешанд, фарҳангу суннатҳои бегона ба он халале ворид карда наметавонанд.
Дар барномарезиҳои давлатӣ дар соҳаи маориф роҳҳои ба вуҷуд овардан ва парвариш намудани ишқу алоқа ба китобу китобхонӣ бояд бо истифода аз таҷрибаи кишварҳои дигар дар заминаи дастовардҳои назарию амалӣ роҷеъ ба ин масъалаи муҳимм тарҳрезӣ карда шаванд. Бо вусъат бахшидан ба таълифу нашри китоб ва таблиғу тарвиҷи фарҳанги китобхонӣ метавонем миллатро ва бахусус қишри тавонманду пурсишгари ҷавонро, ки ҳамвора ба дунболи ҷустан ва донишандӯзии бештар аст, бо иттилооти фоидаовар ва донишҳои муосири мавриди ниёзи ҷомеъа таъмин намуда, бад-ин васила шамъи боварӣ ва умед ба ояндаи дурахшонро дар дили аҳли ҷомеъа фурӯзон нигоҳ дорем.
Имсолро беҳӯда соли ҷавонон эълон накардаанд. Бо фароҳам намудани шароити муносиб барои хониш ва дониш барои сокинони кишвар, бавежа қишри ҳассосу ҷӯянда ва пурэнерҷию пӯёи ҷавон, ки ҳамвора ба дунболи омӯзишу донистани бештар буда, аз воситаҳои ҳозиразамони иттилоотӣ фаровон истифода мебарад, баҳрабардорӣ аз фарҳангу суннатҳои бегона дар шакли мусбияш сурат хоҳад гирифт, зеро бо доштани заминаҳои қавии миллӣ, ки бо китобхонии мудовим дар одамон табиатан пайдо мешавад, авлавият бахшидан ба фарҳанги хеш амре зарурӣ мегардад. Аз ин рӯ дар чунин замони ҳассос тадбирандешиҳову мудирияти огоҳона дар ба таври ситематикӣ боло бурдани фарҳанги китобу китобхонӣ ва таълифу чопу интишори китоб ари хеле зарурист.
Яке аз роҳҳои боло бурдани фарҳанги китобхонӣ созмон додани мусобиқаҳои китобхонӣ метавонад бошад. Метавон чунин мусобиқаҳоро дар тамоми минтақаву ноҳияҳои Тоҷикистон гузаронд. Ба ғайр аз ин бояд мутолиаи ҳатмии теъдоди муайяне аз китобҳои ғайридарсиро ба унвони яке аз шартҳои асосии қабули довталабони ба мактабҳои олӣ эълом кард.
Хулоса китоб ва китобхонӣ дурусттарин роҳи расидан ба хушбахтӣ ва оромию осӯдагии рӯзгор аст, қуфлкушои ҳама дарҳост, аз ҷаҳлободи нодонӣ инсонро берун меоварад, забонро фасоҳат ва баёнро малоҳат меафзояд. Китоб донишро зиёда мекунад ва обрӯйро меафзояд. Аз ин ҷо ҳаким Фирдавсӣ таъкид мекунад, ки «ба дониш дили пир барно бувад».
Шодимуҳаммад Сӯфизода
директори Китобхонаи
марказии илмии АИ ҶТ