Дар Китобхонаи марказии илмии ба номи Индира Гандии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиши китобҳои академикон бахшида ба муносибати 80 солагии С. Неъматуллоев, Н. Қаюмов, З. Усмонов, 75 солагии С. Одинаев, 65 солагии М. Шаҳбозов ва 60 солагии М. Маҳмудов доир гардид.
Дар чорчӯбаи вусъат бахшидан ба муносибати мавлуди олимони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Китобхонаи марказии илмии ба номи Индира Гандии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дастовардҳояшон ба маърази намоиш гузошта шуд.
Дар намоиши китобҳои олимони Академияи илмҳо магистрон, аспирантон ва унвонҷӯёни Академияи илмҳо ва донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳурӣ дидан намуданд.
Созмон додани ин намоиш василаест барои ҳарчи бештар ҷалб намудани олимони тоҷик барои ҳамкориҳои ҳамаҷонибаву созанда бо дигар ниҳодҳои илмию таълимӣ ва фарҳангии кишвар аст.