ОСОР – УЛ – БОҚИЯ

беруни“Осор – ул – боқия” – и олим, мутафаккир ва ҳакими барҷаста Абураҳайҳон Муҳаммади Берунӣ шоҳкори афкори илмии асрҳои X – XI ба шумор меравад. Муаллиф дар асари мазкур ба таҳлили ташаккули шаклҳои мухталифи фарҳанги инсонӣ пардохта, сабабҳои пайдоиши ҷараёнҳои гуногуни мазҳабӣ ва мубориза байни онҳоро ошкор намуда, муносибати мутафаккирони гузашта ва замони худро нисбат ба онҳо муайян менамояд.

Хонандаи арҷманд аз ин китоби бебаҳо дар бораи пайдоиши олам, ҳаёт, воқеаҳои оддиву ғайриоддии табиӣ, сабабу тарзҳои пайдоиши оину кешҳо, мояи пайдоиш  ва шакл гирифтани тақвими ҳиндуён, румиён, яҳудиён, тоҷикону форсҳо, арабҳову қибтиён маълумоти фаровон ба даст меорад.

Абурайҳон Берунӣ

Б 56 Осор – ул – боқия. – Душанбе. Ирфон , 1990, 432 саҳ.