ТАЪРИХИ БУХОРО

НАРШАХИ«Таърихи Бухоро»-и Наршахӣ яке аз асарҳои пурқимати таърихӣ ба шумор меравад. Ин асар борҳо аз тарафи котибон рӯйбардор шудааст. Муаллифи он Абӯбакр Муҳаммад бини Ҷаъфар ан-Наршахӣ дар Наршах ном деҳи назди Бухоро ба дунё омада, дар асри X  дар дарбори Сомониён ҳаёт ба сар бурдааст. Назар ба маълумоте, ки дар сарсухани китоб оварда шудааст, Наршахӣ онро дар солҳои 943—944 навишта ба амири замон, Абӯмухаммад Нӯҳ бини Наср бини Аҳмад бини Исмоил ус-Сомонӣ пешкаш намудааст.

Нашриёти «Дониш», Душанбе, 1979