| Биометрия. Нимадҷонова Кимиёҷон, Мирзораҳимзода Акобир Карим, Ниматова Н. Душанбе: 2026. 208 саҳифа
Китоби мазкур мувофиқи нақшаи таълимӣ аз фанни «Биометрия» навишта шудааст. Дар китоб маълумоти назариявӣ оид ба услуби мушоҳида, баҳисобгирӣ, коркарди омории натиҷаи таҷриба ва ғайраҳо дар шакли мушаххас ҷой дода шудааст, ки дар таҳқиқоти илмии биологӣ басо ҳам зарур аст. Маълумот оид ба хусусиятҳои тақсимшавии ададҳои дигаргуншаванда, услуби тартиб додани қатори вариатсионӣ. усулҳои ҳисоб кардани нишондиҳандаҳои асосӣ барои гавсифи натиҷаи таҷриба, таҳпили коррелятсионӣ, регрессионӣ, дисперсионӣ ва дигар коркарди биометрикӣ гирд оварда шудааст. Ин китоб барои донишҷӯёни факултетҳои биологияи донишгоҳу донишкадаҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун китоби дарсӣ тавсия карда мешавад. Инчунин барои аспирантон, магистрҳо ба сифати китоби рӯйимизӣ истифода бурда мешавад. Китоби мазкур дар доираи ҳамкориҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон. Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур, кафедраи хоҷагии ҷангал ва бунёди чаманзор, кафедраи физиологияи растаниҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо тағйироту иловаҳо вобаста ба талаботи илми муосири биомегрпя ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо забони тоҷикй таҳия шудааст. Муқарризон: Фелалиев Акрамшо – академики АМИТ, доктори илмҳои кишоварзй, Гулзода Саидалй Маъмур – аъзои вобастаи АМИТ, доктори илмҳои биологй, профессор, Партоев Қурбоналӣ-доктори илмҳои кишоварзӣ, мудири озмоишгоҳи генетика ва селексия. Муҳаррири масъул: Абдуллоев Ҳомидҷон Абдуллоевич – аъзон вобастаи АМИТ, доктори илмҳои биологӣ, профессор. Муҳаррирон: Дӯстов Комилҷон – номзади илми филологӣ, дотсент, Кенҷаев Мухбирҷон – рӯзноманигор, узви ИЖТ |