Иброҳим Пирназарзода. Шоҳкориҳои Пешвои миллат. – Душанбе: «ЭР-граф», 2021, – 216 саҳ.
Таҳти назари Раҳмон Асадулло, номзади илмҳои сиёсӣ Китоби мазкур ба хотири муаррифии аз ҳазор сӣ корномаи Пешвои миллат дар зарфи сӣ соли истиқлоли давлатӣ таҳия шудааст. Муаллифон кӯшиш намудаанд, ки муҳтавои танҳо якчанд шоҳкориҳои Пешвои миллатро дар шакли ихчаму содда пешкаши хонанда гардонанд. Чуноне ки аён аст, дар сӣ сол шахсияти таърихӣ ва тақдирсози Пешвои муаззами миллат такмили амиқи сиёсӣ ёфт, ҳамчун чеҳраи нотакрори сулҳовар дар ҷаҳони муосир дурахшид ва ташаббусу пешниҳодҳои созандааш, ки онҳоро шоҳкорӣ меноманд, барои халқи тоҷик, арсаи байналмилалӣ ва таърихи навини он заминаи устувори давлатдорӣ гардид. Пешвои миллат ҳанӯз аз замони оғози марҳалаи фаъолияти худ ба мактаби бузурги давлатсозии миллати тоҷик такя намуда, беҳтарин намунаҳои онро мавриди корбаст қарор додаанд. Умед аст, ки насли ояндасози миллат низ аз мактаби давлатдории Эмомалй Раҳмон баҳравар шуда, дар оянда ин ганҷинаи раҳнаморо тақвият дода, нақшаҳои созандаи ин шахсияти таърихиро, ки дурнамои садсолаҳоро дар назар дорад, ба хотири таъмини зиндагии шоистаи ояндагон идома мебахшанд. |