Бо қарори Шӯрои олимони ИТБМ ба номи А.Дониш аз 12 январи соли 2021 таҳти №1.1. ба чоп тавсия шудааст.
Муаллиф: Муҳаррири масъул: Консепсияи таҳқиқи таърихи халқи тоҷик. -Душанбе: «Ганҷи хирад», 34 саҳ. Консепсияи таҳқиқи таърихи халқи тоҷик кӯшиши аввалин буда, бо назардошти ҳадафҳои миллӣ дар заминаи дастоварди илми таърихшиносии ватанӣ ва ҷаҳонӣ тартиб ёфтааст Мақсад аз мураттабсозии Консепсия муайян намудани методологияи таҳқиқи таърихи сокинони бумии Осиёи Марказӣ – тоҷикон ва нақши онҳо дар ташаккул ва рушди тамаддуни ҷаҳонӣ мебо- шад. Истиқлолияти комили давлатӣ имрӯз мантиқан зарурати ба роҳ мондани таҳқиқи ҳамаҷонибаи таърихи шашҳазорсолаи халқи тоҷикро аз нигоҳи нав, бидуни ҳамагуна чаҳорчӯбаи идеологӣ ва чун ҷузъи таркибии таърихи умумибашарӣ тақозо менамояд. Албатта, Консепсия чун васйлаи фаҳмиши илмии раванди таърих барои ҳамаи зинаҳои он ягона набуда, вобаста ба дараҷаи дарки ба воқеияти замон мувофиқ, тағйирёбанда аст. Консепсияи мазкур низ бо назардошти ҳадафҳои миллӣ дар роҳи эъмори давлати дунявӣ ва ҳуқуқбунёд, рушд ва таҳкими худшиносии миллӣ тавассути таҳқиқ ва арҷгузорӣ ба таърих, анъанаву суннатҳои волои давлатдорӣ ва фарҳангсолории хал- қи тоҷик таълиф шудааст. |