Султони Ҳамад. Лоҳутӣ оҳангсоз ҳам буд… Муҳаррирон: Мирзоалӣ Ҷӯраев, Субҳиддини Султон. Душанбе: – «Аржанг», 2024, 196 саҳ.
Муҳаббати зиёд ба осори абармарди шеъри муосири форсу тоҷик устод Лоҳутӣ муаллифи китобро водор кард, ки ба мавзуи хеле муҳим даст зада, ба суолҳои «Оё устод Лоҳутӣ оҳангсоз ҳам буд?», «Камарборики ман» оё оҳанги ӯст?», «Оё боз кадом оҳанги дигари машҳурро ӯ эҷод кардааст?» посух ҷуста, ковишҳоеро анҷом бидиҳад. Ҷустуҷӯҳои муаллиф дар ин самт тӯли се сол идома кард ва то андозае натиҷаи хуб додааст. Аз ин лиҳоз, самараи ин пажуҳишҳо хидмати Шумо, хонандагони азиз, пешниҳод карда мешавад. Чун муҳтавои китоб масоили фарҳанг, аз ҷумла мусиқиро фаро мегирад ва иртиботи қавие ба фарҳанги замони истиқлол дорад, аз ин рӯ тасмим гирифта шуд, ки он дар доираи лоиҳаи илмӣ-тадқиқотии «Таҳқиқи вижагиҳои рушди фарҳанги миллӣ дар даврони истиқлол» ба нашр расад. Китоб барои доираи васеи хонандагон, аз ҷумла мусиқишиносон, оҳангсозон, овозхонон ва алоқамандони мусиқии ноб пешбинӣ шудааст. |