Сайидзода Зафар Шералӣ (Саидов Зафар Шералиевич), Воҳидов Акрам. Мактаби сиёсию давлатдории Пешвои миллат – чароғи роҳи рушду тараққӣ. – Душанбе: «Контраст», 2025. – 76 с.

Муҳаррири масъул:
Дониёр Сангинзода –
муовини директори ИОМДОА АМИТ,
доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор

Сайидзода Зафар Шералӣ (Саидов Зафар Шералиевич), Воҳидов Акрам. Мактаби сиёсию давлатдории Пешвои миллат – чароғи роҳи рушду тараққӣ. – Душанбе: «Контраст», 2025. – 76 с.

Инсонҳо, бавижа ҷавонон, дар ҳар замоне барои расидан ба муваффақият ва камоли инсонӣ ниёзманд ба намунаҳои ибрат ҳастанд. Дар кишвари мо шахсият ва корномаи Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ – Пешвои миллат, Прези- денти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон беҳтарин сармашқҳо барои афроди ҷомеа дар тамоми арсаҳои зиндагӣ мебошанд. Ахлоқи неку, меҳрубонӣ ба ҳамватанон, устуворӣ, фазилат, бурдборӣ дар рафъи мушкилот, ки аз вижагиҳои ахлоқии Пешвои миллат ҳастанд, метавонанд барои такомули фард – ҳамчун шаҳрванд ва ҳамчун инсони дорои ахлоқу маънавиёти баланд – нақши бузург ифо намоянд.