Муҳаррир Мирзоалӣ Ҷӯраев
Мунаввари Сафар. Ёдгориҳои таърихӣ-фарҳангӣ ва мавзеъҳои муқаддаси саргаҳи Зарафшон (дар мисоли деҳаи Дарғи ноҳияи Айнӣ) (рисолаи тадқиқӣ – пажӯҳишӣ).- Душанбе: “Истеъдод”. – 2024. 160 саҳ. Ёдгориҳои таърихӣ-фарҳангӣ ва мавзеъҳои муқаддаси саргаҳи Зарафшон (дар мисоли деҳаи Дарғи ноҳияи Айнӣ) рисолаи тадқиқотиест, ки ба таърихи қадимаи яке аз рустоҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол – Дарғи Шариф бахшида шудааст. Муаллиф дар асоси сарчашмаҳои муътамад – сангнигораҳо (петроглиф), сангнавиштаи аз қабристон ёфтшуда, мазорҳо ва эътиқоди мардум нисбат ба онҳо, инчунин асарҳои олимону муаррихони дохиливу хориҷӣ, ҷуғурофияи пешазисломӣ, матии Авастову дигар китобҳои бостонӣ, ки Дарғ ҳамчун зодгоҳи абарпаёмбари орёиҳо – Зардушт зикр шудааст, маълумот медиҳад. Китоб ҷанбаи омӯзишӣ дошта, барои муаррихон, бостоншиносон, пажӯҳишгарон ва оммаи васеи хопандагон пешкаш мегардад. |