Пираҳмад Нуров. Фарҳанги тафсирии вожаҳои истилоҳии «Донишнома»-и Абуалӣ ибни Сино. ш. Душанбе,2024с.

Пираҳмад Нуров. Фарҳанги тафсирии вожаҳои истилоҳии «Донишнома»-и Абуалӣ ибни Сино.

Дар фарҳанг беш аз 1000 вожаи истилоҳии «Донишнома»-и Абуалӣ ибни Сино вобаста ба сс бахши он (мантиқ, илоҳиёт ва табииёт) ҷудо ва маъниҳои луғавию мазмуни истилоҳии онҳо тафсир карда шудаанд. Нишон дода шудааст, ки нахустин кӯшишҳои олими барҷастаи тоҷик ва машҳури ҷаҳон Абуалй ибни Сино дар замони Сомониён ҷиҳати бо забони порсии дари (забони тоҷикии имрӯза) ифода кардани афкори илмӣ ва дар ин замина сохгани ҳамтоҳои порсии истилоҳоти илмии арабӣ бешубҳа аҳамияги бузурги илмию таърихӣ дорад. Забони ин асар аз тавоноии забони тоҷикй дар ифода кардани афкори илмӣ ва сохтани истилоҳоти илмй шаҳодат дода, барои дар оянда ташаккул ёфтани забони адабии гоҷикй ва забони муосири илмии тоҷикӣ нақши муассир бозидааст.

Фарҳанг барои нажуҳишгарони соҳаҳои забони тоҷикӣ, фалсафа ва илмҳои табиагшиноси аҳамияти бузурги илмӣ ва амалӣ дорад.

Муқарриз: Аҳмад Ҳоҷиев номзади илмҳои филологй, ходими пешбари илмии «Маркази синошиносӣ»-и назди Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ.

Муҳаррир: Сайфиддин Мирзоев – номзади илмҳои филологӣ, мудири шуъбаи забони гоҷикии Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ.