Абдухолиқи Набавӣ. Нигоҳе дигар ба рӯзгору осори устод Садриддин Айнй (Маҷмуаи пажӯҳишҳо ва мақолот). – Душанбе: Дониш, 2023. – 380 саҳ.

Ба муносибати 145-солагии устод Садриддин Айни

Муҳаррир: Умриддин Юсуфӣ, доктори илми филология Муқарризон: Шамсиддин Солех, д.и.ф., профессор, Анзурат Маликзод, номзади илмҳои филология.

Абдухолиқи Набавӣ. Нигоҳе дигар ба рӯзгору осори устод Садриддин Айнй (Маҷмуаи пажӯҳишҳо ва мақолот). – Душанбе: Дониш, 2023. – 380 саҳ.

Маҷмӯаи мазкур, китоби аввал аз силсилаи мунтахаби осори илмии адабиётшингоси шинохта Абдухолиқи Набавӣ буда, фарогири мақолаву пажӯҳишҳои эшон оид ба чанд нуктаву масълаҳои мушаххас ва мубрами рӯзгору осори пурбору мураккаб, қаҳрамононаву пур аз ибтикороти устод Садриддин Айнист, ки дар забону адабиёт, илму фарҳанг ва маънавияти нави тоҷикии садаи Х1Х-ХХ, марҳалаи сифатан наверо боз кардаст. Хосса назри навбин ба осори устод, ба арсаи таҳқиқ баровардани таълифоти то имрӯз номаълум ва барқарор кардани осори бар асари сонсурҳои идеоложӣ «қайчӣ»-шудаи эшон ва комил кардани назари илмӣ дар бораи эҷодиёзи устод аз вазифаҳои асосии муҳаққиқ будааст.

Китоб барои олимон, унвонҷӯён, донишпажӯҳон ва ҳаводорони кору осор ва шахсияти устод судманд хоҳад омад