| Ба ифтихори 35-солагии истиқлолияти
давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон ва 85-солагии Институти зоология ва паразитологияи ба номи Е.Н. Павловский АМИТ бахшида мешавад. Бузи пармашох, ҳифз ва истифодаи оқилонаи захираҳои он дар Тоҷикистон. – Душанбе: «ЭР-граф», 2026. – 184 саҳ. Бузи пармашох (Сарга /а1сопеп) чун дигар намудҳои ҳайвоноти сумдор дар Тоҷикистон то ба ҳол пурра омӯхта нашудааст. Дар асоси маълумоти адабиёти илмӣ ва маводи илмии муаллифон, ки дар даво- ми солҳои 2008-2021 ҷамъоварӣ карда шудааст, динамикаи рушди сар- шумори бузи пармашох дар ҷанубу ғарби Тоҷикистон арзёбӣ гардид. Дар китоб оид ба морфология, систематика, таърихи омӯзиш ва паҳншавии географӣ, макони зист, шумора, афзоиш, ғизогирй, рафтор ва фаъолнокии шабонарӯзии бузи пармашох маълумот дарҷ кардааст. Инчунин, омилҳое, ки ба динамикаи бисёрсолаи популятсия: (шарои- ти иқлимӣ, манбаи ғизо, дарандаҳо, рақибон ва таъсири омили антро- погенӣ мерасонанд), баррасй карда мешаванд. Ҳамзамон, дар бораи оқилона истифода бурдани захираҳои ҷуфтсумони Тоҷикистон пеш- ниҳодҳо манзур карда шудаанд. Китоб бо аксҳо ва расмҳои аслй ороиш дода шудааст. Қаблан ба хонандагон барои эроду пешниҳод ва дигар фикру му- лоҳизаҳо миннатдорӣ баён менамоем. Муқарризон: ходими пешбари илмии Институти Систематика ва экологияи ҳайвоноти шуъбаи Сибирии Академияи илмҳои Россия (Но- восибирск), доктори илмҳои биологӣ С.Н. Барисов Мудири шуъбаи экологияи ҳайвоноти муҳрадори рӯизаминии Институти зоология ва паразитологияи ба номи Е.Н. Павловскийи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, номзади илмҳои биологӣ Р.Ш. Муратов Муаллифи китоб ба Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эучомалӣ барои таваҷҷуҳи доимй ба масъалаҳои ҳифз ва нигохдории гуногунии биологй дар Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос менамояд. |