Садриддин Айнӣ. Рӯдакинома (Устод Рӯдакӣ дар шинохти Садриддин Айнӣ).- Душанбе: «Дониш», 2019.-132с.

Садриддин Айнӣ. Рӯдакинома (Устод Рӯдакӣ дар шинохти Садриддин Айнӣ).- Душанбе: «Дониш», 2019.-132с.

Таҳия, тасҳеҳ, тавзех ва сарсухани д.и.ф., проф. Абдунаби Сатторзода ва н. и. ф., ходими пешбар Абдухолиқи Набавй

Зери назари узви пайвастаи АИ ҶТ, Президенти АИ ҶТ Фарҳод Раҳимӣ

Муҳаррири масъул узви пайвастаи АИ ҶТ

Носирҷон Салимй

Устод Садриддин Айнӣ дар Тоҷикистон нахустин нафарест,  ки бо таҳқиқи аҳвол ва осори асосгузори адабиёти форсии тоҷикй устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакй машғул шудааст ва бо таълифи фасли «У Абулҳасан Рӯдакии Бухороӣ ба ривояте Самарқандй» дар ки маъруфи худ «Намунаи адабиёти тоҷик» (1925), се мақолаи пуровозааш – «Устод Рӯдакй» (1940), «Қабри устод Рӯдакӣ ва деҳаи Рӯдак» (1940) ва  «Ҷои таваллуд, вафот ва тарбияти устод Рӯдакй» (1943) ва гирдовари, таҳия ва нашри мероси ин шоири бузург дар шакли маҷмӯа (дар ҳамкори бо шоир ва донишманди номии тоҷик Абдусаломи Деҳотй) рӯдакишиносй бунёд гузошт.

Рисола барои мухаққиқони адабиёти гузашта ва муосири тоҷик, аҳли илму адаб ва алоқамандони осори устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакй ва устод Садриддин Айнӣ пешбинй шудааст.