Муҳаррир: Мирзоалӣ Ҷӯраев Муқарризон: Хоҷа Қурбон Тоҳирӣ. Фарҳанги миллии тарбия. Душанбе: Истеъдод, 2024.- 320 с. Дар монография паҳлуҳои мухталифи фарҳанги тарбияи миллии Шарҳ ва ахлоқи шоистаи инсонй дар афкори педагогии мутафаккирони форсу тоҷик мавриди муқоиса, таҳлил ва таҳмил қарор гирифтааст. Дар рисола бори нахуст оид ба тамоилҳо ва равандҳои педагогии чеҳраҳои намоёну барҷастаи адабу фарҳанги аҷам аз соҳибқирони шоирон устод Рудакӣ то ба Ҳаким Носири Хусраву Унсуралмаолии Кайковус, Абуалӣ ибни Сино, Шаӣх Аттору Абдуллоҳи Ансорӣ, Кошифӣ ва Мирзо Турсунзода сухан меравад. Ҳадаф аз таълиф ва тадвини асар эҳё намудани ҷавҳари таърихи педагогикаи миллӣ, анъанаву урфу одатҳои муқаддамонаи пешиниён ва фарҳанги миллии тарбия дар бунёди суннатҳои мардуми Машриқзамин аст, ки аз пешиниён ва касниён ба наслҳои имрӯзу фардо ба мерос монда, ба ҳайси дастур на маншури парвариши инсон хидмат хоҳад кард. |