Муқарризон:

 

Ҳомидов Дилмурод – доктори илмҳои филологй, профессор.

Қурбонмамадов Сомон Хушқадамович – номзади илмн филология, дотсент.

 

Зулфониён Раҳим Раҷабзода – номзади илмҳои филологи. Пажӯҳиши забоншиносии ҷойномҳои минтақаи Панҷекат монография: нашри аввал. – Душанбе: Истеъдод, 2024. – 268с.

 

Дар асоси маводди бузурги далелу асоснокшуда бори нахуст дар забоншиносии тоҷик хусусиятҳои луғавию маъноӣ ва сохтории топонимҳои минтақаи омӯхташаванда баррасӣ гардида, ҳамзамон, дар як вак.т муайян намудани онҳо аз ҷиҳати рсшашиносй, мавҷудияти субстрати суғдӣ дар топонимҳои алоҳида ва алоқаи генетикии онҳо бо забони форсии бостон мавриди таҳқиқ қарор  гирифтанд.

Монографияи таълифгардида дар коркард ва ҳалли масъалаҳои умумӣ оид ба топонимика, инчунин. дар навиштани фаслҳои дахлдори грамматикаи забони тоҷикӣ тавсия гардида, маълумотҳои топонимикии дар он пешниҳод ва ба низом овардашуда на таҳлилшуда метавонанд дар амалияи фарҳангнигорӣ дар таълифи фарҳангҳои топонимикӣ, таърихӣ ва решашиносӣ на танҳо ба забони гоҷикӣ, балки дар дигар забонҳои эронӣ низ истифода шаванд.

Аз натиҷаҳои конкретии таҳқиқот ҳангоми мутолиаи курсҳои махсус ва семинарҳои махсус, курсҳои таърихи топонимикии Тоҷикистои, этимологияи калимаҳо ва таърихи забони тоҷикӣ фаровон истифода бурдан мумкин аст.