Аскардаев К.А. Андешае чанд перомуни фалсафаи «Асҳоби ҳаюло». – Душанбе, 2024. 180 с.

Муҳаррири масъул: Абдуғафор Шарипов

Муҳаррирон: Ҳоҷиев Аҳмад, Ҳакими Бохтарӣ

Аскардаев К.А. Андешае чанд перомуни фалсафаи «Асҳоби ҳаюло». – Душанбе, 2024. 180 с.

 

Масъалаи боло бурдани сатҳи худшиносй ва ифтихори миллӣ, ташаккули шуури солими таърихӣ аз омилҳои муҳими таҳқиқи орову аъмоли шахсиятҳои машҳури илмӣ-адабӣ мебошад. Аз ин рӯ, таҳқиқу тадқиқи осори намояндагони ҷарёни нави фикрӣ- озодандешии фалосифаи «асҳоби ҳаюло» аҳамияти хоса пайдо мекунад. Дар афкору орои намояндагони ин равия гуногунандешӣ дар ҳалли масоили илмӣ-фалсафн доир ба олам, табиат ва сохти он, ки бо андешаҳои илмй-фалсафии ҳиндию юнонй қаробат дошт, аз дигар равияҳо ба куллй фарқ мекард. «Асҳоби ҳаюло» ҷараёни фалсафиест, ки на чандон маълум аст ва ба асолати нахустмодда (ҳаюло) муътақид аст. Бархӯрд бо дигар равия ва намояндагони ақоиди гуногун боиси ба вуҷуд омадани як навъ озодии андеша гардид ва ба ташаккули ақидаю мулоҳизоти иҳодй дар афкори мутафаккирони асрҳои VIII-IX мусоидат намуд.