Пирмаҳмад Нуров. Забони илмии тоҷикӣ (таърихи ташаккул, хусусиятҳои умумӣ, луғавӣ, морфологӣ ва истилоҳотӣ).

Пирмаҳмад Нуров. Забони илмии тоҷикӣ (таърихи ташаккул, хусусиятҳои умумӣ, луғавӣ, морфологӣ ва истилоҳотӣ).

Дар китоби мазкур бори нахуст дар забоншиносии тоҷикӣ таърихи ташаккул, хусусиятҳои умумӣ, луғавй ва истилоҳотии забони илмии тоҷикӣ дар мисоли забони баёни асарҳои мутафаккирони гузаштаи тоҷик, ҳамчунин забони баёни асарҳои илмй, китобҳои дарсй, дастуруламал ва воситаҳои таълимиву методии муосир доир ба асосҳои илмҳои дақиқ ва техникӣ, мисли физика, математика, химия, геометрия, астрономия ва ғайра, ки бо забони тоҷикй нашр гардидаанд, мавриди баррасй, омӯзиш ва таҳқиқ қарор гирифтаанд.

Умедворем, ки китоби мазкур ба устодони донишгоху донишкадаҳо дар роҳи ба донишҷӯён омӯзонидани таърихи забони илмии тоҷикӣ ва хусусиятҳои луғавию истилоҳотии он раҳнамо гардида, ба рушди минбаъдаи забони баёни адабиёти илмию таълимӣ ва эҷоди истилоҳоти илм.ию техникӣ дар забони тоҷикӣ гакон мебахшад.

Муаллиф: Пирмаҳмад Нуров – физикадон, доктори илмҳои филологӣ.

Мухаррир: Ҳасан Султон – узви вобастаи АМИТ, доктори илмҳои филологӣ.

Муқарриз: Абдулҳай Комилӣ – доктори илмҳои физикаю математика, профессор.

Бо қарори Шӯрои илмии табъу нашри Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз 7 феврали соли 2022, №9 ба чоп тавсия шудааст.