Анзурати Маликзод. Абӯшакури Балҳи

Муҳаррир: д.и.ф. Ҳоким Қаландариён

Муқарризон: н.и.ф. Ш.Муҳаммадиев

н.и.ф. Ш.Боев

 

Ин китоб доир ба рӯзгор, осор, аҳаммият ва арзиши мероси барҷоймондаи яке аз шоирони барҷастаи ҳамзамони Устод Рӯдакӣ ҳаким Абӯшакури Балхӣ маълумот медиҳад. Муаллиф бори аввал муҳтавои ашъори Абӯшакурро аз нуқтаи назари арзишҳои эҳёии адабиёти даврони Сомониён ба баррасй гирифта, арзиши ҳунарӣ, адабӣ ва ахлоқии осори ин шоири ҳакимро бо далелҳои муътамад собит намудааст. Ин тадқиқоти нахустини монографӣ ва нисбатан мукаммалу ҷомеъ дар бораи Абӯшакури Балхӣ буда, барои донишҷӯёни риштаи филологӣ ва муҳаққиқону адабиётшиносон муфид хоҳад буд.